Хабарҳо
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47

Рӯзи дарҳои кушод дар қисми низомии 04080 бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ

( 0 Овоз )

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсати маориф,  бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, инчунин ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Конибодом бахшида ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар  қисми  низомии 04080 Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.

Ба чорабинӣ зиёда аз 300 нафар хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳр ҷалб шуданд. Ҳамчунин дар ин рӯз аксари волидони сарбозону афсарони қисми низомӣ низ ташриф оварда, имконият пайдо намуданд, ки бо фарзандони худ вохӯрда, бо шароити зисту хизмати онҳо аз наздик ошноӣ пайдо намоянд.

Иштирокчиён дар ин рӯз имконият пайдо намуданд, ки бо яроқу аслиҳа, машқҳои низомии афсарону сарбозон, шароити зист ва истироҳати  онҳо шинос гарданд. Ҷавонон бо як завқи баланд ва ифтихор бо фаъолияти қисми низомии мазкур шинос гардида, шоҳиди он шуданд, ки дар ҳақиқат тамоми шароитҳо барои афсарону сарбозон муҳайё аст.

Сипас санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр баҳри боз ҳам дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур бо суруду оҳангҳои дилнавоз таъби иштирокдоронро хуш намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Рӯзи дарҳои кушод дар қисми низомии 04080 бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ