Хабарҳо
Семинар дар мавзуи мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон - 27.04.2017 15:18
15 ҳазор метр матоъи дастбофи ҳунармандони шаҳри Конибодом ба фурӯш рафтааст - 27.04.2017 11:26
Нақшаи кишти ғалладонагиҳо наздик 100 фоиз иҷро шуд - 27.04.2017 11:24
Оғози таъмиру барқарорсозии роҳҳо дар ноҳияи Ашт - 27.04.2017 11:23
«Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» - конфронси илмӣ-амалӣ - 27.04.2017 11:22
Зимни баргузории маъракаҳо 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд - 27.04.2017 11:21
Рӯзи ягонаи ахбор: «Солимии ҷомеа-кафили рушди Тоҷикистон» - 27.04.2017 11:19
Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 25.04.2017 15:18
Тасидиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 - 25.04.2017 09:24
То охири сол ба маъюбони Артиши Шӯравӣ кӯмакпулӣ пардохт мешавад - 25.04.2017 09:23

Маҳсулоти ҶСП «Евроазия-2005» дар намоишгоҳи байналмилалии «Продэкспо-2017» соҳиби медали тилло шуд

( 1 Овоз )

Дар доираи 24-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизои «Продэкспо-2017» озмуни байналхалқии «Маҳсулоти беҳтарин-2017» доир гардид, ки дар он аз байни 105 ширкат маҳсулоти ҶСП «Евроазия-2005»- обҳои ташнашикани «Ҳавотоғ» ва «Лимонад №1» беҳтарин дониста шуда, ғолиби озмун ва соҳиби медали тилло шуданд. 24-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизоии «Продэкспо-2017» аз 6 то 10 феврал дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардид.

Дар намоишгоҳи мазкур бо роҳбарии масъулини Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар баробари зиёда аз 2000 ширкат аз 57 давлати дунё, намояндагони корхонаҳои ҶДММ «Нурфуд» ва ҶДММ «Оро Исфара»,ҶДММ «Абрикос и К»,ҶСП «Евроазия-2005», ҶДММ «Сахо и К», ҶДММ «Роҳи сомон» ва ҶДММ «Тавҳид ва компания» бо пешниҳоди молу маҳсулоташон ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳ аз барпо намудани робитаҳои судманд байни давлатҳо, тақвияти рушди устувори иқтисодиёт, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияи нав ва дар ин замина ташкил намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ки ба зиёд шудани гардиши тиҷорати берунӣ ва рушди иқтидори содиротии вилоят мусоидат менамоянд, иборат буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Маҳсулоти ҶСП «Евроазия-2005» дар намоишгоҳи байналмилалии «Продэкспо-2017» соҳиби медали тилло шуд