Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Баргузории шанбегии умумишаҳрӣ дар Конибодом

( 0 Овоз )

Шанбеи гузашта дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти Конибодом шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинон, бахусус, ҷавонону наврасон фаъолона ширкат варзида, дар ободониву кабудизоркунии маҳал саҳм гузоштанд.

Шанбегӣ дар коллеҷу литсейҳо суръати тоза гирифта, дар коллеҷи омӯзгории шаҳр ба номи Мирзо Турсунзода ба як маъракаи фараҳбахши тозакориву ободонӣ табдил ёфт. Аҳли ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷӯёни ин муассисаи давлатӣ бо азму нияти нек ва бо умеди сарсабзии диёр гирду атрофи боргоҳи худро тоза намуда, бо шинонидани ниҳолҳо ва сафедкунии дарахтон машғул гардиданд.

Сокинони шаҳраки «Ҷавонон», ки аз фаъолтарин иштирокчиёни шанбегии ҳарвақта мебошанд, ин дафъа низ муташаккилона дар ин маърака ширкат варзиданд, ки  бароварда шудани 10 тонна партов аз ҳудуди ин маҳал худ аз меҳнати сарҷамъона ва аҳлонаи бошандагонаш гувоҳӣ медиҳад.

Дар дигар ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва мавзеъҳои шаҳр низ чунин ободониҳо суръат гирифта, сокинон дар баробари сарсабзу хуррам гардонидани маҳалҳои истиқоматӣ, кӯчаву хиёбонҳо, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафканро ба иҷро расониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории шанбегии умумишаҳрӣ дар Конибодом