Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

Деваштич. Баргузории семинари дастурдиҳии сарварони муассисаҳои таълимӣ

( 0 Овоз )

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгорони кишвар рӯҳу илҳоми тоза бахшида, бо ташаббускориву иқдомҳои неки бунёдкорию ободонӣ ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипор гардида истодаанд.

Бо ҳамин мақсад, дар шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич семинари дастурдиҳии сарварони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид. Дар семинар масъалаҳои Низомномаи шӯроҳои педагогӣ, таҳсилоти иловагии хонандагон, масъалаи муҳими пешбурди сатҳу сифати таълим ва ба нақша гирифтани чорабиниҳо дар муассисаҳои таълимӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мудири шуъбаи маориф Зикрулло Иброҳимов таъкид намуд, ки дар амалишавии нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гаштани соли 2017 «Соли ҷавонон» аз кормандони соҳаи маориф, падару модарон ва тамоми аҳли ҷомеа тақозо мегардад, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон саҳмгузор бошанд ва ба ин масъалаи ниҳоят муҳим бо камоли масъулият муносибат намоянд. Зикрулло Иброҳимов изҳори умед намуд, ки устодон ва толибилмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми мактабу маориф қувваю неруи маънавии худро ҳарчӣ бештар роҳандозӣ менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Деваштич. Баргузории семинари дастурдиҳии сарварони муассисаҳои таълимӣ