Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал — Мулкӣ - 11.12.2017 11:40
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун - 11.12.2017 11:38
Эмомалӣ Раҳмон — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун - 11.12.2017 11:36
РАТС ШОС всегда открыта для сотрудничества в интересах консолидации международных усилий по борьбе c терроризмом - 11.12.2017 10:04
Раиси шаҳри Исфара ба 45 донишҷӯ кумакпулӣ тақдим кард - 08.12.2017 12:20
СУҒД: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиард доллари ИМА баробар шуд - 08.12.2017 10:39
Даври вилоятии олимпиадаи мактабиён оғоз ёфт - 08.12.2017 10:37
Ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи молия - 07.12.2017 16:50
Фестивал - озмуни сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” баргузор шуд - 07.12.2017 15:41
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот мекунанд - 07.12.2017 11:53

Идомаи мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони мактабҳои миёна

( 0 Овоз )

Имрӯз, 10 феврали соли ҷорӣ дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт вохӯрии ректорони донишгоҳҳои олии вилояти Суғд бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия доир гардид.

Дар вохӯрӣ ректорони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ, ДДҲБСТ  Ҷамшед Ҷӯразода, ДКМ Мухтор Фозилзода, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Олимӣ Рауф Латифзода ва директори Донишкадаи политехникии ДТТ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Сангинова оид ба  самтҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимии худ ба хонандагон маълумот ироа намуданд.  Дар мулоқот инчунин Мирзотоҳир  Набиев, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ иштирок намуд.

Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида иброз дошт: “Ба таҳсил ҷалб кардани хонандагон ва саводнок намудани онҳо яке аз ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат мебошад, ки сол то сол дар ин самт корҳои тарғиботӣ ҷоннок  гардида истодааст. Довталабон ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои олӣ бояд касби ояндаи худро дуруст интихоб намоянд ва аз ҳама он шароите, ки Ҳукумати кишвар барои таҳсил фароҳам овардааст самаранок истифода баранд”.

Дар вохӯрӣ аз 73 муассисаи таъилимии ноҳия зиёда аз 300 нафар хатмкунандагон иштирок намуда, аз роҳбарони донишгоҳҳои олӣ ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Идомаи мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони мактабҳои миёна