Хабарҳо
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30
Парлумон Созишномаи грантӣ оид ба беҳтар гардонидани низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷандро ба тасвиб расонид - 14.12.2017 09:22
Роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят бо хатмкунандагони як қатор шаҳру ноҳияҳо мулоқот намуданд - 14.12.2017 09:19
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумондонӣ ба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров - 14.12.2017 08:56
Комил Салимзода ба донишҷӯёни камбизоат 3000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим кард - 13.12.2017 09:05
Мулоқоти раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода бо донишҷӯён - 12.12.2017 16:44
Назарзода Қудратулло Бобо сардори РВКД дар вилояти Суғд таъин гардид - 12.12.2017 15:00
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо - 12.12.2017 14:59
Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ қомат афрохт - 12.12.2017 14:58

Спитамен: Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 7202 нафар аъзо дорад

( 0 Овоз )

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен  ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ва Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия баргузор гардид, ки дар он ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ ва аъзоёни кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ, раисони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ноҳиявии аҳзоби сиёсӣ ширкат намуданд.

Дар ҷаласа натиҷаи фаъолияти Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 баррасӣ гардиданд.

Муовини раиси ноҳия Диларбо Раҳимӣ оид ба фаъолияти Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон гузориш дода, қайд намуд, ки айни ҳол дар ноҳия 47 ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон амал менамоянд, ки он аз 7202 нафар аъзоён иборат мебошад.

Зикр гардид, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  дар мавзӯъи «Ваҳдат саодати миллат», «Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари давлати миллӣ», «Пешвои миллат – меъмори ваҳдат», «Бисту панҷ соли пуршараф дар роҳи Истиқлолият», «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия – оғози марҳилаи нав дар таҳкими ваҳдати миллӣ» сӯҳбату мулоқотҳо доир гардиданд.

Баъдан раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи кишоварзӣ А.Абдусамадов, раиси Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев Собирҷон Саидзода, мудири бахши фарҳанги ноҳия Темур Саидов ба музокира баромада, аз фаъолияти Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2016 изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷаласа бо вазифагузориҳо барои соли 2017 ба итмом расид

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Спитамен: Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон 7202 нафар аъзо дорад