Хабарҳо
Мастчоҳ: Дар 19805 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад - 27.03.2017 10:15
Ифтитоҳи толори навбунёд дар мактаби №8 – и ноҳияи Ашт - 27.03.2017 10:14
Хатнасури хайриявии 30 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар Мастчоҳу Конибодом - 27.03.2017 10:10
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд - 25.03.2017 19:33
Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 16:17
Иштирок дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - 25.03.2017 11:48
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27

Ҷаласаи Шӯрои духтарони вилоят баргузор гардид

( 2 Овоз )

Бо мақсади баланд бардоштани мақоми ҷавондухтарон дар ҷомеа санаи 3 феврали соли ҷорӣ бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Нодира Мирзозода ва бонувону донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо ҷаласаи Шӯрои духтарони вилоят баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини Раиси вилоят Н. Ғаффорӣ эълон гардидани “Соли ҷавонон” аз ҷониби Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишони таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонон арзёбӣ намуда, ҷавондухтаронро ба фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ даъват намуд.

Сипас дар ҷаласаи мазкур Ҳикоят Абдуҷалилова, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров раиси Шӯрои духтарони вилоят интихоб гардид. Дар ҷаласа ҳамчунин котиби Шӯро, муовинони раиси Шӯро ва 35 нафар аъзоён интихоб гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҷаласаи Шӯрои духтарони вилоят баргузор гардид