Хабарҳо
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон - 23.05.2018 08:51
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41

Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони макотиби миёна

( 1 Овоз )

Тибқи ҷадвали вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилояти Суғд мулоқотҳои судманд идома доранд.

Чунин вохуриҳо дар толори қасри фарҳанги шаҳри Гулистон ва толори Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баргузор гардиданд. Дирӯз дар қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти ректорони мактабҳои олии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев доир ба фарогирии таҳсили ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои олии вилоят маълумот дод.

Сипас ректорони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудӣ, ДДҲБСТ Ҷамшед Ҷӯразода, ДКМ Мухтор Фозилзода, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Олимӣ Рауф Латифзода ва устоди Донишкадаи политехникии ДТТ дар шаҳри Хуҷанд Хуршед Улуғбеков оид ба  самтҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимии худ тариқи слайдҳо ва видероликҳо маълумот манзур намуданд.

Хатмкунадагони макотиби шаҳри Хуҷанд перомуни шароит ва маблағи таҳсил, ихтисосҳои нав, сатҳи тайёр намудани мутахассисон ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони макотиби миёна