Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

Аксияи тозагии дарёҳоро доир намоем!

( 0 Овоз )

Дар ҳошияи мулоқоти Раиси вилоят
бо кормандони соҳаи кишоварзӣ

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо диёри обҳои зулолу ширин аст.

Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар Форуми дуюми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором зикр кардаанд, ки сарватҳои ғании обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар олам яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд, дар ҳолати самаранок ба кор андохтанашон метавонанд, барои ҳамаи кишварҳои минтақа суди зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ оранд. Потенсиали гидроэнергетики мо ба 527 миллиард киловатт/соат мерасад ва айни замон фақат 3 - 4 фоизаш истифода мешаваду халос.

Аз лиҳози дигар, кишвари офтобии мо дорои захираҳои бузурги оби тоза ва босифат, ширин ва болаззати нўшокӣ аст.

Бо ибтикори Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» боз як иқдоми хайрхоҳона ва наҷиби Сарвари давлати тоҷикон дар ҳалли масъалаи муҳими умумибашарист. Воқеан ҳам алҳол дар дунё масъалаи таъминот бо оби тозаи нўшиданӣ аз масоили глобалӣ ва мавриди таваҷҷўҳи хосаи созмонҳои бонуфузи дунё ва роҳбарияти сатҳи олии мамолики мухталиф қарор дорад. Тибқи маълумоти оморӣ, алҳол дар дунё беш аз 1,5 миллиард аҳолӣ аз истеъмоли оби тозаи нўшокӣ маҳруманд. Набудани оби тозаи нўшокиро фоҷиаи одамӣ арзёбӣ намудаанд, ки саҳеҳу воқеист. Зеро чуноне мегўянд «Об ин ҳаёт аст!». Пас чаро ба қадри ин неъмати безавол нарасем, онро покиза нигоҳ надорем, ҳар қатраашро ҳифз нанамоем?

Дар радифи ин иқдомҳои шоиста дар арафаи Соли нави мелодӣ бо ташаббуси Раиси вилояти СуғдАбдураҳмон Қодирӣ «Соли 2017 – Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ» эълон гардид ва Барномаи амали он низ тасдиқ шуд. Тибқи ин Барнома, дар вилоят маҷмўи тадбирҳо амалӣ мегарданд, ки дар натиҷа ҳолати хатҳои обтаъминкунӣ ва иншоотҳои обистеҳсолкунӣ беҳтар гардида, таъминоти мардум бо оби тозаи нўшокӣ беҳбудӣ меёбад.

Боиси зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои об дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дорад ва дар ҷумҳурии зебоманзари мо 947 дарёи мусаффо ҷорист. Дарёҳо воқеан ҳам боиси ифтихори мо ҳастанд, бавижа илҳомбахши эҷодкоронанд. Ҳар яки мо ҳанўз аз кўдакӣ, айёми мактабхонӣ бо мутолиаи осори назму насри адибони шинохтаи миллат нахустин бор бо номи дарёҳои хурду бузург, наҳру сойҳои об, чун Панҷу Сир, Зарафшону Вахш, Сурхобу Варзоб, Исфараю Кофарниҳон, Элоку Ғунд, Яғнобу Анзоб ва Хоҷабоқирғон ошноӣ пайдо кардаем.

Ин дарёҳои мусаффо сарчашмаи зиндагии мардум ва ободии диёр ҳастанд. Зеро оби онҳо ҷонбахшанду неъматофар… Аслан, об яке аз чор унсури муқаддаси ҳаёт аст. Аз ин рў, обро низ эҳтиёт бояд кард.

Имрўзҳо аксари мардуми деҳоти вилоят аз оби дарёву дарёчаҳо, сойҳои обгузар истифода мебаранд. Вале, боиси таассуф аст, ки дар баъзе мавзеъҳо ҳолати дарёву ҷўйҳо нигаронкунанда аст. Ашхосе беимонӣ ва бешарафӣ зоҳир намуда, обро олудаву чиркин ва ифлос месозанд, рўирост ва беинсофона ҳар чизе, ки рост ояд, ба дарё мепартоянд, лаби дарё мошин шуста, ба ҷўй ҳар гуна партовҳо, хасу хоктўдаҳо, хокистару ашёи нолозими хешро мерезанд, ки ба шаъни одамӣ намезебад. Ҳол он ки дар ҳар деҳот аз як ҷўй мардуми 5 - 6 маҳалла об менўшанд. Ба ин масъала, яъне покиза нигоҳ доштани об гузаштагони мо низ аҳамияти ҷиддӣ медоданд ва ифлос кардани онро амали носавоб маҳсуб дониста буданд. Суханони пурҳикмате чун мақолу зарбулмасал дар миёни мардум маъруф гаштаанд, амсоли “Обу ободӣ”, “Некӣ куну ба об андоз”, “Чашми одам – дарё”, “Об – рўшноӣ”, “Об аз пушти ҷў - зан аз пушти шў”, “Ба об туф накун, об макрўҳ мешавад” ва ғайраҳо.

Ба наздикӣ машварати кории Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо кормандони соҳаи кишоварзии вилоят баргузор гардид. Раиси вилоят дар қатори масоили мубрами рўз, аз ҷумла роҷеъ ба масъалаҳои марбут ба тозагии муҳити зист, ҳолати дарёҳо ва ҷўйҳо ибрози назар намуда, ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

Воқеан ҳам имрўз масъалаи тозагии муҳити зист ва таъмини мардум ба оби тозаи нўшокӣ мавриди таваҷҷўҳи аҳли ҷомеа қарор гирифтааст.

Басо саривақтӣ ва шоиста аст, ки ташаббуси неки Раиси вилоят  Абдураҳмон Қодириро роҷеъ ба баргузор намудани «Аксияи тозагии дарёҳо ва ҷўйҳо» ҷонибдорӣ намоем. Боварӣ дорам, ки ин пешниҳод аз тарафи масъулин, бахусус Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологии вилоят, Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, хоса кулли мардуми меҳнатқарини вилоят мавриди дастгирӣ қарор мегирад.

Асадии Тўсӣ дар ин боб хеле хуб фармудааст:

Зи ҷўе, ки хўрдӣ аз он оби пок,

Нашояд фикандан дар он сангу хок…

Мухтори Абдулло,
сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Аксияи тозагии дарёҳоро доир намоем!