Хабарҳо
Боздиди роҳбарияти ВМКБ аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” ва Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” - 23.08.2017 18:30
Мулоқоти роҳбарияти ВМКБ бо собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Суғд - 23.08.2017 18:25
Ташрифи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба вилояти Суғд - 23.08.2017 18:19
Иди саиди Қурбон 1 сентябр таҷлил мешавад - 23.08.2017 18:18
Дар доираи ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар шаҳри Панҷакент чорабиниҳои гуногун баргузор шуд - 23.08.2017 14:24
Исфара. Ба 28 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ ҳадя гардид - 23.08.2017 11:22
Таасуроти иштирокчиёни ҳафтаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғд - 23.08.2017 11:20
Боздиди меҳмонони ВМКБ аз МОИ “Суғд”, ДДХ ва Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” /АКСҲО/ - 22.08.2017 19:16
Боздиди меҳмонони ВМКБ аз МОИ “Суғд”, ДДХ ва Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” - 22.08.2017 17:10
Барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бо иштироки меҳмонони ВМКБ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 22.08.2017 16:55

Имзои 5 ёддошти ҳусни тафоҳум ба маблағи умумии 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ миёни шаҳрдории Исфара ва соҳибкорон

( 0 Овоз )

Ҷиҳати таъмини дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти роҳандозии муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ ва аз ин тариқ муайяннамоии монеаҳо дар самти рушди соҳибкорӣ раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар маҷмааи «Ҷаҳони нав» бо зиёда аз 60 нафар соҳибкорони маҳаллӣ мулоқоти озоду ошкоро ва бо ифодаи маъмул «бидуни галстук» доир намуд.

Сароғоз шаҳрдори Исфара ба соҳибкорон барои пазироии таклифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои ширкат дар вохӯрӣ ва саҳмгузории фаъолона дар ҳамаи ҷабҳаҳои умури бунёдкориву созандагӣ изҳори миннатдорӣ намуда, хислати озод аз унсурҳои расмӣ будани нишастро ёдовар шуд ва даъват ба амал овард, ки бештар аз мушкилоту муаммоҳо ва нақшаҳои фаъолияти соҳибкории худ ҳарф зананд.

Минбаъд раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагон ва содиротчиёни маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон Абдумубин Файзиев аз фаъолияти давраи сипаригардида ва нақшаву ниятҳои неки асотсиатсия маълумот пеш оварда, ҳамзамон таклиф кард, ки дар маркази шаҳр мағозае таъсис дода шавад, ки тавассути он сокинони маҳаллӣ ва меҳмонони сершумору сайёҳон ба маҳсулоти баландсифати корхонаҳои коркарди Исфара имконияти дастрасӣ пайдо намоянд.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот соҳибкорон Мавлуда Маҳмудова, Наҷибулло Убайдуллоев, Тоҳир Абдуллоев ва Садриддин Зокиров баромад намуда, дар ҳошияи қадршиносии таваҷҷӯҳ ва дастгирии доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нисбат ба бахши соҳибкорӣ ва азми самимии фароҳамории шароитҳои созгори вусъат бахшидани фаъолияти бахши хусусӣ, бардошту андешаҳои худро вобаста ба вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳибкорӣ ва рафъи баъзе аз монеаҳои мавҷуда арза доштанд.

Дар ҷамъбасти мулоқот байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, дар шахси раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 5 ёддошти ҳусни тафоҳум ба маблағи умумии 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба имзо расид.

Санадҳои ба имзорасида ободонии роҳи давродаври мавзеи даромадгоҳи маҳаллаи Бинокорро аз ҷониби соҳибкор Нарзулло Ӯлмасов ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ, бунёди маркази мӯҳташами хизматрасонӣ ва савдои муосирро дар автовокзали шаҳрӣ аз ҷониби соҳибкор Акмал Шокиров ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, бунёди бинои 5 ошёнаи истиқоматиро дар кӯчаи Победа аз ҷониби соҳибкор Шерзод Нусратдинов ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, сохтмони корхонаи коркард ва банду басти меваи хушкро дар минтақаи саноатии шаҳр аз ҷониби соҳибкор Фирӯз Сайфуллоев ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ ва бунёди мактаби нахустини хусусиро дар маркази шаҳр аз ҷониби соҳибкор Мавлуда Маҳмудова ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Имзои 5 ёддошти ҳусни тафоҳум ба маблағи умумии 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ миёни шаҳрдории Исфара ва соҳибкорон