Хабарҳо
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо кормандони соҳаи маориф - 23.02.2018 16:18
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.02.2018 14:40
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 23.02.2018 13:53
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ - 22.02.2018 09:57
Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд - 22.02.2018 11:51
Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд - 22.02.2018 14:49
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2018 14:59
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон - 22.02.2018 14:10
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 22.02.2018 13:53
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова - 22.02.2018 11:30

Паём-барномаи рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар

( 0 Овоз )

Беш аз як моҳ мешавад, ки дар тамоми ташкилоту корхонаҳо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун дастури раҳнамо мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо баргузор намудани як конференсияи ҷумҳуриявӣ амалишавии се ҳадафи стртегии давлат, ки дар Паёми имсола зикр шудааст, мавриди омӯзиш ва таҳлили коршиносон қарор гирифт. Дар конференсия сарварони муассисаҳои олии вилоят, олимон, коршиносони соҳа ширкат доштанд.

Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Турсун Холматов ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ташкилотҳои ҷамъиятии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мирзоқосим Каримов дар баромадаш таъкид дошт, ки Паём барномаи мукаммал барои як соли минбаъда буда, иҷроиши бандҳои он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд аст.

Сипас устодони донишкада номзадони илми техникӣ  Охунбобо Раҳимов,  Толмас Сайфуллоев, Раъно Исомаддинова, доктори илмҳои иқтисод, профессор Азизулло Авезов, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони донишкада Ҷамшед Масаидов дар бораи масъалаҳои ҳалталаби истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва амнияти озуқаворӣ, пояҳои рушди устувори соҳаи саноати кишвар, таҳсилоти фосилавӣ- технология ва усулҳои самараноки тайёркунии мутахассисон дар шароти муосир, ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа маърӯзаҳои илмӣ намуданд.

Зимни суханрониҳо қайд шуд, ки амалӣ шудании се ҳадафи стратегии давлат-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ имкон дод, ки пояи иқтисодиву иҷтимоии кишвар мустаҳкам гардад. Фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди туризм, имконияти васеъ барои таҳсили ҷавонон, пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, низоми бонкдорӣ аз дастовардҳои 15 соли охир арзёбӣ шуд.

Дар қисмати дуюми кори конференсия дар бахшҳои алоҳида наздики 70 мақолаҳои илмии устодони мактабҳои олии кишвар  мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паём-барномаи рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар