Хабарҳо
Конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва ташаккули рукнҳои давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” - 18.11.2017 15:06
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25 - умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.11.2017 12:33
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ - 19.11.2017 11:57
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25
ПАЙВАНДОНИ ҲАЙДАР ҚОСИМОВ: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ” - 18.11.2017 21:23
Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 18.11.2017 17:35
Ифтитоҳи навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд Пак” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 12:49
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ - 18.11.2017 11:39
Ифтитоҳи корхонаи дорусозии ҶДММ “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 11:35
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаии ҶДММ «Элегант» - 18.11.2017 10:05

Соли гузашта дар ноҳияи Деваштич 706 ҷойи кории нав ташкил шуд

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Деваштич дар соли 2016 тавассути баргузории 13 ярмаркаи ҷойҳои корӣ 155 нафар сокинон ва 10 нафар муҳоҷирони бозпасгашта бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин баҳри иҷрои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ аз ҷониби Агентии шуғли аҳолии ноҳия аз шумораи умумии 1370 нафар шаҳрвандони корҷӯи муроҷиатнамуда, 643 нафар ба кори доимӣ ва 81 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуданд. Ба 195 нафар бекорони дар қайдбуда, ба миқдори 80549,39 сомонӣ кумакпулӣ ва ба 61 нафар барои фаъолияти соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 162100 сомонӣ дода шуд.

Инчунин дар ноҳия дар самти рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила ҷалби занону духтарони деҳот ба шуғли асосӣ ва таъмин бо кори доимӣ то имрӯз дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Деваштич 12 адад марказҳои таълимӣ-истеҳсолии қолинбофӣ ва 13 адад марказҳои таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис дода шудаанд, ки онҳо бо 64 адад дастгоҳҳои қолинбофӣ ва атласу адрасбофӣ таъмин мебошанд.

Соли 2016 дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 706 ҷойи кории нав, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ 386 ҷой, савдои хӯроки умумӣ 230 ҷой, соҳаи сохтмон 40 ҷой ва дигар соҳаҳо 50 ҷойи корӣ ташкил карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Соли гузашта дар ноҳияи Деваштич 706 ҷойи кории нав ташкил шуд