Хабарҳо
Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 25.04.2017 15:18
Тасидиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 - 25.04.2017 09:24
То охири сол ба маъюбони Артиши Шӯравӣ кӯмакпулӣ пардохт мешавад - 25.04.2017 09:23
Оғози чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” - 25.04.2017 09:19
Спитамен: Тавассути баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ 39 нафар бо кор таъмин шуданд - 25.04.2017 09:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави таваллудхонаи марказӣ дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 13:16
Ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид - 24.04.2017 13:13
Ҷамъбасти «Ҳафтаи конфронсҳои илмӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - 24.04.2017 13:09
Баргузории машварати корӣ бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 08:49
Ваҳдати миллӣ-асоси рушди иқтисодиёти Тоҷикистон - 21.04.2017 10:25

Суғд: 11 март 105 солагии матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад

( 0 Овоз )

Санаи 11 март дар қаламрави вилояти Суғд 105 солагии матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад.Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 феврали соли 2017, №41 ба тасвиб расид.

Тибқи ин қарор раисони шаҳру навоҳии вилоят вазифадор мешаванд, ки иди касбии рӯзноманигорон ва коркунони муассисаҳои табъу нашрро дар сатҳи баланд таҷлил намуда, барои дастгирии моддиву маънавии нашрияҳои маҳаллӣ, рӯзноманигорон, кормандони матбааҳо ва собиқадорони матбуот тадбирҳои амалӣ андешанд.

Дар доираи таҷлили Рӯзи матбуот ташкили мулоқоту нишастҳо, аёдати собиқадорон, баргузор кардани озмуни журналистон барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии рӯзноманигорон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: 11 март 105 солагии матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад