Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

23 феврал рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад

( 0 Овоз )

Санаи 23 феврали соли равон рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят  бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 феврали соли 2017, №44 ба тасвиб расидааст.

Тибқи ин қарор мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ба муносибати 23-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободонии ёдгориҳо ва муҷассамаҳои ба хотири шаҳидон гузошташуда, оромгоҳи сарбозон ва афсарони фавтида, дастгирии моддию маънавии иштирокчиён ва маъбони ҶБВ, ҷанговарони байналмилал, ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд 23 феврал рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад