Хабарҳо
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47

Азму талоши дастаҷамъона баҳри ободии кишвар

( 0 Овоз )

Дар маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ ҷаласаи нахустини Шўрои ҷамъиятии вилояти Суғд дар соли 2017 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Шўрои ҷамъиятии вилоят иштирок доштанд. Ҳамоиши навбатии аъзои Шўрои ҷамъиятии вилоятро раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Пас аз тасдиқи рўзнома аз ҷониби ҳозирин ҷаласаи Шўрои ҷамъиятии вилоят ба кори худ шурўъ кард.

Ин навбат аъзои Шўро ҳисоботи котиби Шўрои ҷамъиятии вилоят Олим Мирмуҳаммедовро роҷеъ ба фаъолияти Шўро дар соли 2016 шунида, барои соли 2017-ум нақшаи кории хешро тасдиқ намуданд.

Аҳмадҷони Раҳматзод соли 2016-умро соли бурдбориҳо дар тамоми соҳоти кишвар арзёбӣ карда, таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро дар ин росто аз санаҳои муҳими таърихӣ унвон карда, суханро ба котиби масъули шўро вогузор намуд.

Олим Мирмуҳаммедов зимни ҳисоботи хеш фаъолияти яксолаи Шўрои ҷамъиятии вилояти Суғдро қаноатбаш арзёбӣ намуда, қайд кард, ки давоми соли гузашта Шўрои ҷамъиятӣ оид ба рафти иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2016-Соли фарди солим», рафти корҳои омодагӣ оид ба таҷлили 25-солагии Рўзи Истиқлолияти миллӣ, Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020 ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа ҷаласаҳо доир намуда, баҳри беҳдошти амалишавии онҳо тадбирҳои мушаххас андешид. Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки омўзиши фаъолияти ниҳодҳои Шўрои ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳо нишон медиҳанд, ки дар қатори натиҷаҳои хуби корбарӣ камбудиҳо низ мавҷуд буда, бархе аз онҳо то ҳол пурра бартараф нашудаанд.

Олим Мирмуҳаммедов дар ин самт номунтазам баргузор шудани ҷаласаҳо, сари вақт пешниҳод нашудани ҳисоботи аъзои Шўро, ҳамкории нокифоя бо ҳизбу ҳаракатҳо, мақомот ва худидоракунии шаҳраку деҳот ва сари вақт пешниҳод нашудани ахборро ба Шўрои ҷамъиятӣ аз камбудиҳои ҷойдошта унвон кард.

Зимни музокироти масъалаи мазкур раиси бахши суғдии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Сарфароз Фаттоҳзода сухан карда, аз саҳми ҳизби мазкур дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳарф зад. Ў қайд кард, ки аъзои ҳизб мунтазам баҳри беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар талош намуда, дар ин самт бо тамоми ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятии миқёси вилоят ҳамкории судманд дорад. Ҳамзамон, раиси бахши суғдии Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Абдулатиф Раҳимов, сарвари бахши Ҳизби Сотсиал - Демократ Дилбар Самадова, раиси созмони Ҳизби Демократӣ дар вилояти Суғд Абдуҷаббор Юлдошев, роҳбари бахши суғдии Ҳизби Сотсиалистӣ Маъруфҷон Юсуфов, муовини Ҳизби Аграрии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мазбудҷон Усмонов роҷеъ ба натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2016 ва самараҳои ҳамкориҳои судманд сухан карданд. Онҳо дар ин раванд нақши Шўрои ҷамъиятии вилояти Суғдро назаррас арзёбӣ намуданд.

Сипас, муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо аз фаъолияти Шўрои ҷамъиятӣ ва нақшаву ҳадафҳои нав дар соли 2017 ҳарф зада, таъкид кард, ки бояд ҳамкориҳои ҳизбу ҳаракатҳо боз ҳам ҷоннок карда шавад. Раҳматзода Рустам Мирзо азму талоши дастаҷамъонаро баҳри ободии кишвар ҳадафи аслии Шўрои ҷамъиятӣ унвон кард ва ба аъзои Шўро ибтикороти нав ба навро хоҳон шуд.

Баъди музокирот аъзои Шўрои ҷамъиятӣ бо таклифу пешниҳодоти ҳозирин нақшаи кориро барои соли 2017 таҳия ва тасдиқ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Азму талоши дастаҷамъона баҳри ободии кишвар