Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал — Мулкӣ - 11.12.2017 11:40
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун - 11.12.2017 11:38
Эмомалӣ Раҳмон — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун - 11.12.2017 11:36
РАТС ШОС всегда открыта для сотрудничества в интересах консолидации международных усилий по борьбе c терроризмом - 11.12.2017 10:04
Раиси шаҳри Исфара ба 45 донишҷӯ кумакпулӣ тақдим кард - 08.12.2017 12:20
СУҒД: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиард доллари ИМА баробар шуд - 08.12.2017 10:39
Даври вилоятии олимпиадаи мактабиён оғоз ёфт - 08.12.2017 10:37
Ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи молия - 07.12.2017 16:50
Фестивал - озмуни сурудҳои ватандӯстонаи “Таронаи сарбоз” баргузор шуд - 07.12.2017 15:41
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот мекунанд - 07.12.2017 11:53

Спитамен. Пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нав омода мешаванд

( 0 Овоз )

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо мақсади беҳтар намудани ҳолати меллоративии заминҳо ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ дар мавсими имсола то имрӯз корҳои муайянро ба сомон расонидааст.

Тавре, ки аз идораи давлатии беҳдошти замин ва обёри ноҳия иттилоъ доданд, соли ҷорӣ канали Учтеппа ба масоҳати 6 киллометр тоза карда шуда, айни ҳол корҳо дар ин самт идома доранд.

Ҳамчунин ба масоҳати 39 ҳазор м3 каналу заҳбурҳо тоза гардида, дар канали Куркат ба дарозии 500 метр лӯлаҳои обгузари қутураш 1020 мм канда ва 268 метр қубурҳои нав оварда шуда, рӯзҳои наздик насб мегардад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки айни ҳол дар ноҳия 13 адад пойгоҳи обкашӣ вуҷуд дошта, дар он 28 адад дастгоҳи обкашӣ ва 13 чоҳи амудӣ мавҷуд мебошанд ва то имрӯз 18 адад дастгоҳи обкашӣ таъмир гардида, иҷрои нақша 64 фоиз таъмин гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Спитамен. Пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нав омода мешаванд