Хабарҳо
Мастчоҳ: Дар 19805 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад - 27.03.2017 10:15
Ифтитоҳи толори навбунёд дар мактаби №8 – и ноҳияи Ашт - 27.03.2017 10:14
Хатнасури хайриявии 30 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар Мастчоҳу Конибодом - 27.03.2017 10:10
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд - 25.03.2017 19:33
Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 16:17
Иштирок дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - 25.03.2017 11:48
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27

Хуҷанд. Муовини нави раиси шаҳр муаррифӣ шуд

( 0 Овоз )

Дирӯз, 6 феврал дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз ҷаласаи корӣ бо иштироки муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту муассисаҳои маркази вилоят доир гардид.

Дар кори ҷаласа мудири шӯъбаи кадрҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ином Султонзода иштирок намуда, ҳозиронро бо тағийроти кадрӣ ошно намуд. Мувофиқи қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 6 феврали 2017 Раъно Ҳошимзода муовини раиси шаҳри Хуҷанд таийн гардид.

Номбурда то ин дам дар вазифа декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамуд.

Раъно Ҳошимзода оиладор буда, соҳииби унвони илмии номзади илмҳои иқтисод аст. Аз соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Хуҷанд. Муовини нави раиси шаҳр муаррифӣ шуд