Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

Раёсати вилоятии ИЖТ барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон менамояд

( 0 Овоз )

Раёсати вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 6 феврали соли 2017, № 41 «Дар бораи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик» барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон менамояд.

Ба озмун кормандони васоити ахбори омма, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, камаш панҷ сол ба аъзогӣ шомил ҳастанд ва дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият доранд ё аз нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ дар вилоят намояндагӣ мекунанд, метавонанд ширкат варзанд.

Ба озмун маводи муаллиф (муаллифон), ки дар жанрҳои очерк, публитсистика, мақолаҳои таҳлилӣ ва жанрҳои бадеӣ, аз ҷумла силсилаи ҳикояву ҳаҷвияҳо, ҳазлу мутоиба дар матбуоти даврии қаламрави вилоят дар соли 2016-ум чоп шудаанд, пешниҳод карда шаванд.

Маводи журналистон, ки дар озмуни вилоятии рӯзноманигорон таҳти унвони «Хомаи созанда – 2016» пешниҳод шуда буд, барои баррасӣ қабул карда намешавад.

Барои иштирок дар озмуни вилоятии журналистон даъвогар (даъвогарон) бояд ба созмони аввалияи журналистӣ бо ариза муроҷиат намояд. Котибони созмонҳои ибтидоӣ баъди баррасии масъала дар маҷлиси созмони аввалияи рўзноманигорон қарори дахлдор қабул карда, ба созмони журналистони вилоят пешниҳод мекунанд. Дар ин замина, ҳамчунин камаш 10 адад маводи беҳтарин (нусхаи аслии дар нашрия чопшуда), ариза ва шарҳи ҳоли мухтасари даъвогар, хислатномаи аз ҷониби роҳбари нашрия тасдиқ гардида бояд то 1-уми марти соли 2017, соати 17.00 ба Раёсати созмони вилоятии ИЖ Тоҷикистон (шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20-ум, бинои "Кохи матбуот", ошёнаи  5-ум) бо ишораи "Ба озмуни вилоятии журналистон" пешниҳод карда шаванд. Аризае, ки баъди ин мўҳлат ворид мегардад, қабул ва баррасӣ намешавад.

Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ дар рўзи таҷлили ҷашни матбуоти тоҷик ба ғолиби озмун супурда мешавад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефонҳои (92)-777-63-29, (92)-778-16-85, 4-65-18, 2-71-13 тамос гирифтан мумкин аст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раёсати вилоятии ИЖТ барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон менамояд