Хабарҳо
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон - 23.05.2018 08:51
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41

Вохӯрии сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар бо донишҷӯён

( 0 Овоз )

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вохӯрии сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Музаффар Ҳотамӣ, сардори шӯъбаи ҷинояту ҷиноятсодиркунии Раёсати мазкур Абдуллозода Шӯҳрат ва корманди ин ниҳод Фарҳодзода Шамшодҷон бо донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Фаррух Аминов, муовини директор оид ба тарбия чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, афзуд, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои зиёде аз қабили терроризму ифротгароӣ фаро гирифта, дар асри 21 боз як падидаи номатлуб даст ба нашъамандӣ задани ҷавонон ҷомеаро ба ташвиш овардааст.

Музаффар аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки дар мубориза бо гардиши маводи мухаддир фаъол бошанд, аз оқибатҳои нангини ин амал ҷомеаро ҳушдор диҳанд ва бо Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҳамкорӣ намоянд.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш» низ дар суханронии хеш аз оқибатҳои ҳалокатовари маводи нашъмандӣ сухан ронд.

Дар фарҷом миёни донишҷӯён ва кормандони Раёсати агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд саволу ҷавоб доир ба мавзӯъ сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Вохӯрии сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар бо донишҷӯён