Хабарҳо
Семинар дар мавзуи мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон - 27.04.2017 15:18
15 ҳазор метр матоъи дастбофи ҳунармандони шаҳри Конибодом ба фурӯш рафтааст - 27.04.2017 11:26
Нақшаи кишти ғалладонагиҳо наздик 100 фоиз иҷро шуд - 27.04.2017 11:24
Оғози таъмиру барқарорсозии роҳҳо дар ноҳияи Ашт - 27.04.2017 11:23
«Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» - конфронси илмӣ-амалӣ - 27.04.2017 11:22
Зимни баргузории маъракаҳо 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд - 27.04.2017 11:21
Рӯзи ягонаи ахбор: «Солимии ҷомеа-кафили рушди Тоҷикистон» - 27.04.2017 11:19
Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 25.04.2017 15:18
Тасидиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 - 25.04.2017 09:24
То охири сол ба маъюбони Артиши Шӯравӣ кӯмакпулӣ пардохт мешавад - 25.04.2017 09:23

Ашт: Пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нав омода мешаванд

( 0 Овоз )

Дар пойгоҳи обкашии Чумчуқ-ҷари ноҳияи Ашт 6 адад дастгоҳҳои обкашӣ тамғаи Д6300-80 (24-НДС) насб карда шуданд. Дар ин бора аз идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои Иброҳимҷон Воҳидов, сардори  идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ашт барои таъмири пойгоҳҳои обкашии ноҳия Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 200 ҳазор сомон маблағ ҷудо намуд. Ҳамзамон аз ҳисоби буҷаи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия низ 200 ҳазор сомон маблағ барои таъмир ва омодасозии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нав ҷудо гардидааст ва корҳои омодагӣ идома дорад.

Дар ҳудуди ноҳия 20 адад  пойгоҳи обкашӣ мавҷуд аст, ки  дар онҳо 80 адад дастгоҳҳои обкашӣ насб карда шудаанд. То имрӯз аз 80 дастгоҳҳои обкашӣ 44 адади он ба мавсими нави обёрӣ омода мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ашт: Пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нав омода мешаванд