Хабарҳо
Лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и «Қайроққум» дар ду марҳила амалӣ мешавад - 27.07.2017 12:53
Вусъати корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Бӯстон - 27.07.2017 08:50
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21

Ташаббуси сокинон барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ

( 0 Овоз )

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, бинобар зиёд будани теъдоди хонандагону кам будани муассисаҳои таълимӣ дар асоси дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки ба соҳибкорон, саховатмандон, сармоягузорон, ташкилотҳои ҷамиятӣ, бахши хусусӣ, ки хоҳиши сохтмони бино барои ташкил намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусиро доранд, аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ замин ҷудо намояд.

Вобаста ба ин чанде пеш Раёсати маорифи вилоят ба сокинон  бо Муроҷиатнома баромад намуда буд. Аз Раёсати маорифи вилоят хабар доданд, ки дар фурсати начандон тӯлонӣ ба унвонии Раёсат 11 нафар шаҳрвандони вилоят бо мақсади сохтмони  муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дархост пешниҳод намуданд. Инҳо Мӯъминҷон Юсуфҷонов, Ғафур Атохӯҷаев, Фароғат Усмонова, Одил Обидов, Фотеҳ Масумов, Бахтиёр Гадойбоев, Алишер Тоиров аз шаҳри Хуҷанд, Абдуаҳад Раҳимов, Фарҳод Маҷидов, Абдуҳалим Шарифов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  ва Муқимӣ Назари Муқим аз ноҳияи Масчоҳ мебошанд. Ҳар кадоме аз инҳо хоҳиши бунёди мактаб  ва ё кӯдакистони хусусиро дошта, омодаанд дар фурсатҳои наздик бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ин нақшаашонро амалӣ созанд. Қабули дархостҳо идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ташаббуси сокинон барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ