Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Ҳар чаҳоршанбе дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» маҳсулоти ҳунармандон ба намоишу фурӯш гузошта мешавад

( 0 Овоз )

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят намунаҳои маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва ашёҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шуд.

Баргузории намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ бо мақсади боз ҳам рушд бахшидан ва эҳё намудани анъанаҳои мардумӣ бо ибтикори маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» руйи кор гирифта шудааст. Ба иттилои масъулин минбаъд ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе  намоиши намунаҳои маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва ашёҳои таърихӣ дар ҳамин мавзеъ доир карда мешавад.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ баромадкунандагон изҳор доштанд, ки дар гузашта рӯзҳои чоршанбе дар ҳамин мавзеъ бозор баргузор мешудааст ва тасмим гирифта шуд, ки дар асоси он намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шавад. Гузашта аз ин Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» мавзеи сайёҳӣ ва макони истироҳату фароғати сокинону меҳмонони вилояти Суғд ба ҳисоб меравад ва намоишгоҳи мазкур имконият медиҳад, ки меҳмонону сайёҳон ба молу маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дастрасӣ пайдо намоянд.

Дар растаҳои маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ аз ҷониби беш аз 20 нафар ҳунармандон, аз ҷумла кордсозон, сангтарошон, сабатбофон, зардӯзону дигар намуди анъанаҳои миллӣ ва ҷамъоварандагони ашёҳои таърихӣ маҳсулоти гуногун ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҳар чаҳоршанбе дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» маҳсулоти ҳунармандон ба намоишу фурӯш гузошта мешавад