Хабарҳо
Аввалин маҳфили “Ганҷи сухан” дар соли 2018 дар ДДХ баргузор шуд - 17.01.2018 10:32
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 17.01.2018 10:09
Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни омодагиҳо ба мавсими нави киштукор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2018 09:59
Намояндаи вилояти Суғд ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» шуд - 16.01.2018 12:37
Таъсиси ситоди шаҳрӣ оид ба назорати рафти яхобмонӣ дар Истаравшан - 16.01.2018 09:39
Исфара. Мулоқотҳои гуруҳи тарғиботӣ бо сокинон идома дорад - 16.01.2018 09:37
Зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Гулистон муҳимтарин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуд - 16.01.2018 09:33
Хуҷанд. Теъдоди соҳибкорон дар ҳоли афзоиш аст - 15.01.2018 14:01
Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҳаёти босаодат! - 15.01.2018 11:02
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ситод оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонӣ ташкил гардид - 15.01.2018 10:47

Муаррифии китоби «Роҳи субот» дар Мастчоҳ

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Мастчоҳ бо баргузории ҷаласае китоби «Роҳи субот», ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба табъ расидааст, муаррифӣ гардид.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд хабар доданд, китоби мазкур аз фаъолияти кумиҷроияи ноҳиявӣ аз замони таъсис – соли 1998 то имрӯз нақл мекунад. Китоб бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи марказӣ, ки 5 январи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, оғоз мешавад.

Дар китоби «Роҳи субот»  андешаҳои аввалин раисону аъзо, рӯйхати нахустин ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷой дода шудаву роҳи тайкардаи кумиҷроия тӯли ин муддат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст.

Китоб дар ҳаҷми 88 саҳифа бо теъдоди 500 нусха чоп шудаву ба доираи васеи хонандагон тавсия гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Муаррифии китоби «Роҳи субот» дар Мастчоҳ