Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41
Дар Конибодом аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд - 18.10.2017 13:28
Соли равон дар вилояти Суғд 52 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд - 18.10.2017 09:39
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 18.10.2017 09:31
Омодагӣ ба зимистон. Барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зарурии ангишт захира карда шуд - 18.10.2017 09:29
“Ганҷи сухан” дар меҳмонии сарбозони Ватан - 18.10.2017 09:28
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид - 17.10.2017 15:53
“Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам”- озмуни иншои беҳтарин байни хонандагон - 17.10.2017 13:00
Конибодом. Дурнамои истеҳсоли пахта 101,2 фоиз иҷро гардид - 17.10.2017 08:49
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф - 17.10.2017 08:29

Ҳунармандони ансамбли тарона ва рақси «Сафина» бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ шуданд

( 0 Овоз )

Дар доираи “Соли ҷавонон” дирӯз дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ҳунармандони наврасу ҷавони ансамбли тарона ва рақсии «Сафина»-ро ба ҳузур пазируфта, бо онҳо мулоқот анҷом дод.

Тавре аз ноҳияи Спитамен хабар доданд, дар мулоқот таъкид шуд, ки таъмиру тармими куллии Қасри фарҳанги ноҳия, ки маҳз бо таваҷҷӯҳи хосаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли 2016 ба анҷом расонида шуд, кулли кормандони соҳаи фарҳанги ноҳия рӯҳбаланд намуд ва ҷавобан ба чунин ғамхории фарҳангпарваронаи Раиси вилоят ҳунармандону санъаткорони ноҳия бояд дар рушди соҳаи фарҳанг ва бо дастовардҳои назарраси фарҳангӣ истиқбол ва ҷамъбаст намудани “Соли ҷавонон” саҳмгузор бошанд.

Баъдан ҷиҳати ҳавасманд намудан ба 22 нафар ҳунармандони наврасу ҷавони ансамбли тарона ва рақсии «Сафина» тӯҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маҷмӯъ бештар аз 3 ҳазор сомонӣ тақдим шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҳунармандони ансамбли тарона ва рақси «Сафина» бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ шуданд