Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

Мулоқоти раиси шаҳри Хуҷанд бо ҷавонони фаъол

( 0 Овоз )

Дирӯз раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз дар доираи “Соли ҷавонон” дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҷавонон мулоқот орост.

Дар мулоқот зикр гардид, ки боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон имрӯз аз ҳар як нафар ҷавон масъулияти баланди хештаншиносиро тақозо менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо дар маркази вилоят 75 нафар олимони ҷавон ва 29 нафар ихтироъкорони ҷавон дар донишгоҳҳо фаъолият бурда, саҳми арзандаи худро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд. Ба аъзогии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд 7 нафар ҷавонон интихоб гардида, сол то сол сафи ҷавононе, ки дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ интихоб мешаванд, афзоиш меёбад.

Баъдан як зумра ҷавонони фаъоли шаҳр аз соҳаҳои мухталиф доири таъсиси маркази захиравии рушди ҷавонон, озмуни шаҳрӣ барои омӯзгорони фанҳои дақиқ, бунёди мактаби мусиқӣ дар маҳаллаи “Темурмалик”, ташкили хонаи мӯди либосҳои миллӣ, силсилаи барномаи телевизионӣ барои ихтироъкорони ҷавон ва маҳфили зарифон ва ғайра ба раиси шаҳр пешниҳодоти мушаххас намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти раиси шаҳри Хуҷанд бо ҷавонони фаъол