Хабарҳо
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо кормандони соҳаи маориф - 23.02.2018 16:18
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.02.2018 14:40
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 23.02.2018 13:53
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ - 22.02.2018 09:57
Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд - 22.02.2018 11:51
Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд - 22.02.2018 14:49
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2018 14:59
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон - 22.02.2018 14:10
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 22.02.2018 13:53
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова - 22.02.2018 11:30

Таҷлили Иди Сада дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд»

( 0 Овоз )

29 январ дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд» яке аз идҳои аҷдодию миллиамон - Иди Сада ҷашн гирифта шуд.

Дар таҷлили Иди Сада муовини Раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, сокинони шаҳр, олимону зиёиён, устодону муҳассилини макотиби оливу миёна ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ширкат намуданд. Дар мавзеҳои гашти оммавӣ дар гӯшаҳои махсус маҳсули дасти занони ҳунарманд, рассомону ороишгарон ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамзамон ба ҳозирон аз ҷониби занону духтарон тарзу усули дӯхтани либосҳои миллӣ, зардузӣ, атласбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, пешниҳод гардида, толибилмону кӯдакон бошанд бозиҳои “Аловпарак”, “Арғамчинкашӣ”, “Лаппарбозӣ”, “Ошуқбозӣ” “Ланкабозӣ” –ро намоиш доданд.

Лозим ба қайд аст, ки Иди Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумии миллати мо буда, ҳамчунин ин идро муждаи баҳор ҳам меноманд. Тибқи ривоятҳо дар ҷашни бостонии Сада гулхан меафрӯхтанд ва ният мекарданд, ки гармию рӯшноии он бояд мардумро аз сардии зимистон ба рӯшноиву гармиҳои баҳор мерасонд. Ҳамин тариқ 50 рӯзу 50 шабро то фарорасии Наврӯз мардум бесаброна интизор гашта, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омодагӣ мегирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Иди Сада дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд»