Хабарҳо
Дар 5-умин Бозиҳои Осиё 39 нафар варзишгарони вилояти Суғд иштирок доранд - 19.09.2017 15:24
Спитамен. Баргузории мулоқотҳо ҷиҳати шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 19.09.2017 10:08
23 сентбяр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад - 19.09.2017 10:05
Суҳбат атрофи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Мастчоҳ - 19.09.2017 10:00
Аз санаи 20 то 23 сентябр дар шаҳри Конибодом Фестивали байналмилалии «Шашмақом» баргузор мешавад - 19.09.2017 09:26
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш - 19.09.2017 08:41
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ - 18.09.2017 08:38
Баргузории семинари иттилоотӣ дар мавзӯи “Иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017 – 2020” - 15.09.2017 13:45
Боздиди намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Суғд - 15.09.2017 13:14
«Падидаҳои номатлубро маҳкум менамоем!» — ҷаласаи корӣ дар Гулистон - 15.09.2017 13:07

Директори ДИС: Беш аз 80 дарсади хатмкунандагон соҳиби ҷойи кор шуданд

( 1 Овоз )

“Кулли донишҷўёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд аз ба таври шарномавӣ таҳсил менамоянд. Аз ин лиҳоз онҳо баъд аз хатми донишкада дар асоси шартномаҳои тарафайн ва иштирок дар озмунҳо бо ҷойҳои корӣ таъмин мешаванд. Мавриди зикр аст, ки аввалин гуруҳҳои таҳсил бо забони англисӣ соли таҳсили 2009-2010 таъсис дода шуда буданд. Соли 2014 ин гуна гурўҳҳоро 18 нафар, соли 2015 - 40 нафар, соли 2016 бошад 48 нафар хатм намуданд ва ҳамаи онҳо бо ҷои корӣ таъмин гаштанд» - иттилоъ дод директори донишкада Рауф Олимӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Ба иттилои Рауф Олимӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи ташкили таҳсили гурўҳҳо бо забони англисӣ дар донишкада ҳалли худро пурра ёфтааст. Ҳоло дар донишкада 13 гурўҳҳое, ки дар онҳо ҳамаи фанҳо бо забони англисӣ таълим дода мешаванд, амал мекунанд. Донишкада бо омўзгорони ихтисосманд, ки фанҳои худро бо забони англисӣ дарс мегўянд, пурра таъмин мебошад. Аз хориҷи дур  низ мунтазам олимону профессорон ба донишкада омада, ба донишҷўён дарс мегўянд. Дар доираи барномаҳои “Эрасмус Мундус” ва “Темпус” алоқаҳои байналмилалии таълимгоҳ беҳтар шуда, 4 нафар устодон ва 6 нафар донишҷўён дар донишгоҳҳои ИМА ва Аврупо такмили ихтисос ва таҳсил намуда истодаанд.

Директори донишкада ҳамчунин гуфт, ки аз 634 нафар хатмкардагони шўъбаи рўзона 512 нафарашон, яъне 80,7% аз рўи ихтисос, соҳиби кор ва ё аз рўи патент дар соҳаҳои гуногун фаъолият карда истодаанд. Чунончи, аз ҷумлаи 312 нафар хатмкардагони соли 2015-и шўъбаи рўзона, 261 нафарашон бо ҷои корӣ таъмин гаштанд, ки 83,65%-и хатмкардагонро ташкил медиҳад

Заминаи моддию техникии Донишкада ҷавобгўи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ҷараёни таълим дар се бинои таълимӣ, ки аз 80 синфхонаҳои алоҳида иборатанд, ташкил карда шудааст. Пояи моддӣ-техникии донишкада ҷавобгўи талаботи муосир мебошад. Дар донишкада зиёда аз 550 компютерҳои фардӣ, 20 тахтаҳои электронӣ, 60 проекторҳо, 60 камераҳои назоратӣ ва ғайра мавҷуданд. Китобхонаи электронӣ ва муқаррарӣ, синфхонаи интернет, 4 синфхонаи лингафонӣ, 6 синфхонаҳои компютерӣ, толори фитнес бо 18 тренаҷерҳо, майдончаи варзишии волейбол, минифутбол, баскетбол ҳамеша ба донишҷўён хизмат мерасонанд. Ҳамаи синфхонаҳо, толори варзиш ва биноҳои донишкада бо гармӣ ба тариқи мутамарказ бо воситаи ангишт таъмин карда  шудаанд.

Сипас рўзноманигорон суолҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Директори ДИС: Беш аз 80 дарсади хатмкунандагон соҳиби ҷойи кор шуданд