Хабарҳо
Бозии миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Динамо" бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид - 21.04.2018 12:34
Дар Самарқанд ҳайати намояндагони вилояти Суғдро гарму самимӣ истиқбол намуданд - 21.04.2018 08:06
Ятимон дар нимароҳ намемонанд - 21.04.2018 08:00
Идомаи боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 20.04.2018 14:10
Аз 20 то 22 апрел Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад - 20.04.2018 11:19
Рӯзи ягонаи ахбор: «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа» - 20.04.2018 09:18
Баргузории даври вилоятии Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ - 20.04.2018 09:16
Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 20.04.2018 09:14
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии “Пунук” ва “Меҳробод” дар ноҳияи Ашт - 20.04.2018 09:12
Истаравшан. Дар шаш корхонаи хурди истеҳсолии навтаъсис наздик 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд - 19.04.2018 14:07

Таҷлили Иди Сада дар Бӯстон

( 2 Овоз )

29 январ бо дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бӯстон ба истиқболи Иди Сада чорабании бошукуҳ баргузор гардид.

Нахуст, раиси шаҳр Рухсора Давлатзода кулли сокинонро бо фарорасии Иди Сада таҳният гуфта, зикр намуд, ки вобаста ба ҷанбаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва шоистаи иди Сада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки: «… барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад».

Номбурда оид ба суннатҳои хоси яке аз ҷашнҳои қадимаи халқиятҳои ориёинажод – яъне Иди Сада ибрози назар намуда, қайд намуд, ки ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Ҳамчунин дар ин рӯз баҳри фароғати шаҳрвандон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш ва дастурхони идона густурда шуд. Инчунин дар ин рӯз ярмарка-фурӯши ниҳол ва гулҳои ороишӣ ташкил карда шуда, бо иштироки роҳбарияти шаҳр дар мавзеъҳои гуногун дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Иди Сада дар Бӯстон