Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41
Дар Конибодом аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд - 18.10.2017 13:28
Соли равон дар вилояти Суғд 52 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд - 18.10.2017 09:39
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 18.10.2017 09:31
Омодагӣ ба зимистон. Барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зарурии ангишт захира карда шуд - 18.10.2017 09:29
“Ганҷи сухан” дар меҳмонии сарбозони Ватан - 18.10.2017 09:28
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид - 17.10.2017 15:53
“Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам”- озмуни иншои беҳтарин байни хонандагон - 17.10.2017 13:00
Конибодом. Дурнамои истеҳсоли пахта 101,2 фоиз иҷро гардид - 17.10.2017 08:49
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф - 17.10.2017 08:29

Наздик 400 нафар аз хизматрасонии тиббӣ ройгон бархурдор гардиданд

( 0 Овоз )

Дар минтақаи Сирдарёи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Корвони саломатӣ» баргузор гардид ва ҳудуди 400 нафар сокинон аз хизматрасонии тиббии ройгон бархурдор гардиданд.

Ба иттилои масъулини Муассисаи давлатии кӯмаки аввалияи тиббии ноҳия мутахассисони асабшинос, дилшиносу осебшинос, духтури саратоншинос ва дандонпизишк, ҳамчунин дигар мутахассисони соҳа  ба муроҷиаткунандагон хизмати тиббӣ расонидаанд. Гуфта мешавад, ки дар доираи «Корвони саломатӣ» худуди 100 нафар ба табобати амбулаторӣ ва 10 нафар ба беморхонаҳо роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузории «Корвони саломатӣ» дар ҳамаи ҷамоату деҳоти ноҳия ба нақша гирифта шуда, он моҳе як маротиба гузаронида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Наздик 400 нафар аз хизматрасонии тиббӣ ройгон бархурдор гардиданд