Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Намоиши асарҳои рассомон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Бахшида ба 20-умин солгарди иди Ваҳдати миллӣ дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоиши асарҳои рассомон ва намунаи ҳунарҳои ҳунармандони вилоят таҳти унвони «Тоҷикистони ман» баргузор гардид.

Чорабиниро омири кулли Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»  Иброҳим Иброҳимов ифтитоҳ бахшид. Намояндагони Раёсати фарҳанги вилоят,  бахши Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, факултаи санъати ДДХ ба номи Б.Ғафуров, факултаи санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, устодону донишҷӯён  андешаи худро оид ба мӯҳтавои асарҳо иброз доштанд.

Дар ин чорабинӣ 63 нафар  бо асарҳои санъати худ иштирок намуданд, ки аз онҳо 40 нафар мусаввир, 8 нафар ҳайкалтарош, 13 нафар кашидадӯз, 1 нафар наққош ва 1 нафар кошинкор буданд.  112 адад асар ба намоиш гузошта шуд, ки аз онҳо 50 адад мусаввара, 8 адад ҳайкал, 50 адад кашидадӯзӣ, 2 адад наққошӣ ва 2 адад кошинкориро дар бар мегирифт.

Бояд тазаккур дод, сеюмин маротиба аст, ки дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо ҳамкории Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд намоиши асарҳои рассомон ба вуқӯъ мепайвандад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Намоиши асарҳои рассомон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд