Хабарҳо
Лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и «Қайроққум» дар ду марҳила амалӣ мешавад - 27.07.2017 12:53
Вусъати корҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Бӯстон - 27.07.2017 08:50
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21

Исфара. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 279,2 млн сомониро ташкил дод

( 0 Овоз )

Дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз дар ҶДММ «Баракат Исфара» сардхонаи нави замонавӣ барои нигаҳдошти 700 тонна ашёи хоми нимтайёр мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора раиси шаҳри Исфара Дилшод Расулзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба маълумоти Дилшод Расулзода, дар айни замон навсозии корхона барои истеҳсоли меваи хушки органикӣ ва сохтмони сардхонаи муосир бо ҷалби беш аз 2 млн. доллар идома дорад.

Дар ҷараёни баргузории нишаст раиси шаҳри Исфара ҳамчунин зикр кард, ки соли 2016 рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар кулли соҳаҳо таъмин шуда, дастовардҳои мардуми он нисбат ба соли 2015 беҳтару назаррас гардиданд. Дар ин давра ба маблағи 279,2 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасонии пулакӣ ба анҷом расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105 %-ро ташкил медиҳад. Инчунин дар соли сипаригардида 3 корхонаи хурд ва 6 коргоҳи нави саноатӣ, ки ба банду басти меваи хушк ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғуланд, ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар раванди нишаст Дилшод Расулзода оид ба дастовардҳои муҳимтарину калидии мардуми Исфара, бурду бохти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, аз ҷумла раванди ободонии маҳаллаи Сомониёни маркази шаҳр ва таъмини он бо оби полезӣ, тадбирҳои дар самти таъмири роҳи самти Исфара-Чорқишлоқ андешидашаванда, нақшаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба роҳандозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028, Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017, сохтмони иншооти варзишӣ, ба шафати варзишгоҳи марказӣ кӯчонидани автовокзали шаҳрӣ, пайомади раванди таҷдиди сохтори кишоварзӣ ва назорати аз кишт дур намондани заминҳо мушаххас маълумот дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Исфара. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 279,2 млн сомониро ташкил дод