Хабарҳо
Нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар шаҳри Гулистон 100 фоиз иҷро шуд - 28.04.2017 11:04
Бинои Маркази минтақавии хизматрасонӣ барои пиронсолон ва маъюбон пас аз таҷдид ба истифода дода шуд - 28.04.2017 10:57
Зариф Мирдадо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт интихоб гардид - 28.04.2017 10:54
Баргузории иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 28.04.2017 10:50
Семинар дар мавзуи мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон - 27.04.2017 15:18
15 ҳазор метр матоъи дастбофи ҳунармандони шаҳри Конибодом ба фурӯш рафтааст - 27.04.2017 11:26
Нақшаи кишти ғалладонагиҳо наздик 100 фоиз иҷро шуд - 27.04.2017 11:24
Оғози таъмиру барқарорсозии роҳҳо дар ноҳияи Ашт - 27.04.2017 11:23
«Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» - конфронси илмӣ-амалӣ - 27.04.2017 11:22
Зимни баргузории маъракаҳо 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд - 27.04.2017 11:21

Тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ моҳи январ 43 нафар бекорон бо кор таъмин шуданд

( 0 Овоз )

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми моҳи январи соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Суғд ҷиҳати бо  ҷои кории доимӣ  таъмин намудан, ҷалби бекорон ба касбомўзию ҳунаромӯзӣ  ва шаҳрвандони аз муҳоҷирати меҳнатӣ  ба Ватан баргашта, 16 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ярмаркаҳои мазкур аз ҷониби 222 ташкилоту корхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 1927 адад ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод барои шаҳрвандони корҷўй аз рўи ихтисосҳои гуногун пешниҳод карда шуд, ки музди маоши моҳонаи вазифаҳои озод аз 500 то 2000 сомониро ташкил дод.

Бояд қайд намуд, ки дар ярмаркаҳои мазкур Марказҳои таълимии калонсолони системаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо низ иштирок намуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани ярмаркаҳои мазкур 43 нафар шаҳрвандони корҷўянда бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва 107 нафар ба касбомўзонӣ сафарбар карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Тавассути ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ моҳи январ 43 нафар бекорон бо кор таъмин шуданд