Хабарҳо
Мулоқоти толибилмони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо муҳассилини макотиби миёна - 12.12.2017 09:39
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун - 11.12.2017 15:34
Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум 26 декабр баргузор мешавад - 11.12.2017 13:34
Мулоқоти раисони ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо донишҷӯён - 11.12.2017 13:21
Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода бо донишҷӯён мулоқот намуд - 11.12.2017 13:20
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал — Мулкӣ - 11.12.2017 11:40
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун - 11.12.2017 11:38
Эмомалӣ Раҳмон — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун - 11.12.2017 11:36
РАТС ШОС всегда открыта для сотрудничества в интересах консолидации международных усилий по борьбе c терроризмом - 11.12.2017 10:04
Раиси шаҳри Исфара ба 45 донишҷӯ кумакпулӣ тақдим кард - 08.12.2017 12:20

Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи политехникӣ

( 0 Овоз )

Дар асоси ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ дар ташкилоту идораҳо, муассисаҳо ва мактабҳои олии вилоят дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд нишати матбуотӣ доир гардид. Нишастро муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Бо тамошои як навори видеоӣ рӯзноманигорон аз фаъолияти яксолаи донишкада иттилоъ гирифтанд.

Сипас, хабарнигорон Гулҷаҳон Маҳкамова, мухбири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», Ҷовиди Аштӣ-намояндаи нашрияи «Ҷумҳурият» дар вилоят, Мукаррама Сатторова, сармуҳаррири нашрияи «Ризқофарин», Абдувосит Салимзода, намояндаи нашрияи «Садои мардум» дар бораи бо ҷойи кор таъмин шудани хатмкунандагон, ҷараёни амалишавии лоиҳаҳои инноватсионӣ, ҳамкории донишкада бо ниҳодҳои соҳаи кишоварзӣ ва омодакунии донишҷӯён дар ин самт, раванди фаъолияти таҳсилоти фосилавӣ дар донишкада, нақши донишкада дар омодакунии меъморону муҳандисони соҳаи технология саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фарҷом Хуршед Мақсудов барои ҳамкории судманд ба рӯзноманигорон изҳори сипос намуда, изҳори умед намуд, ки минбаъд низ намояндагони васоити ахбори омма дар инъикоси воқеъбинона ва фаврӣ барои пешрафти таълиму тарбия дар донишкада саҳм мегузоранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи политехникӣ