Хабарҳо
Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 25.04.2017 15:18
Тасидиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 - 25.04.2017 09:24
То охири сол ба маъюбони Артиши Шӯравӣ кӯмакпулӣ пардохт мешавад - 25.04.2017 09:23
Оғози чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” - 25.04.2017 09:19
Спитамен: Тавассути баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ 39 нафар бо кор таъмин шуданд - 25.04.2017 09:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави таваллудхонаи марказӣ дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 13:16
Ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид - 24.04.2017 13:13
Ҷамъбасти «Ҳафтаи конфронсҳои илмӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - 24.04.2017 13:09
Баргузории машварати корӣ бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 08:49
Ваҳдати миллӣ-асоси рушди иқтисодиёти Тоҷикистон - 21.04.2017 10:25

Спитамен. Раиси ноҳия бо соҳибкорон мулоқот анҷом дод

( 1 Овоз )

Раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо соҳибкорон мулоқот анҷом дод, ки дар он ҳамчунин муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Раиси ноҳия изҳор дошт, ки мақсади мулоқоти имрӯза иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаккул додани муколамаи озод байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ буда, ҳадафи асоси аз ин мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ, мусоидат ба бартараф намудани монеаҳои мавҷуда ва дастгирии соҳибкорон мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар ноҳия зиёда аз 3280 нафар соҳибкорон фаъолияти назаррас дошта, 26 адад корхонаи хусусии саноатиро таъсис додаанд, ки фаъолият назаррас доранд.

Илова бар ин аз дар натиҷаи ҳамкории бомуваффақонаи сохторҳои масъули давлатӣ бо бахши хусусӣ то имрӯз дар ноҳия корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоли зарфҳои полиэтиленӣ, коғазҳои санитарӣ, мебелбарорӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, корхонаи хиштбарорӣ, сафолакҳои ранга барои роҳҳои пиёдагард, сехҳои дузандагӣ ва ордбарорӣ таъсис дода шудаанд.

Дар идомаи мулоқот раиси ноҳия пешниҳод намуд, ки соҳибкорони ноҳия баҳри бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолии афшураи мева, қиёми помидор, коркарди пӯсту пашм, шир ва маҳсулоти ширӣ, коргоҳҳои атласу адарсбофӣ, бунёди меҳмонхонаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, сохтмони мактаб ва кӯдакистонҳои хусусӣ, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва истеҳсоли гӯшти моҳӣ, ташкил намудани коргоҳи истеҳсоли оби ташнашикан дар деҳаи Сариосиёи Ҷамоати деҳоти Сарбанд, ташкили гармхонаҳо ва зиёд намудани сабзавоти тару тоза ва дигар намудҳои зироати кишоварзӣ саҳмгузор бошанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Спитамен. Раиси ноҳия бо соҳибкорон мулоқот анҷом дод