Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои солимгардонӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ - 26.05.2017 16:48
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ барои ҷавонону наврасон дар шаҳри Гулистон - 26.05.2017 09:56
Дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ аз “Истиқлол” шикаст хӯрд - 26.05.2017 09:45
Ашт. Оғози содироти зардолуи тар ба Федератсияи Россия - 26.05.2017 09:13
Баргузории машварати кории Раиси вилоят дар Қасри Арбоб - 25.05.2017 16:37
Дар Истаравшан боғи истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 25.05.2017 13:41
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар шаҳри Истаравшан - 25.05.2017 13:38
Ба пешвози ҷашни Ваҳдати миллӣ корҳои ободонӣ дар Конибодом вусъат меёбанд - 25.05.2017 11:08
Дар вилояти Суғд беш аз 519 ҳазор кӯдакон эм карда мешаванд - 25.05.2017 09:53
Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон /АКС/ - 24.05.2017 16:14

Баргузории озмуни “Ватанпарвар” миёни хонандагон дар Конибодом

( 0 Овоз )

Бахшида ба 24-cолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом озмуни шаҳрии «Ватанпарвар» баргузор карда шуд. Нахуст озмуни мазкур дар 7 минтақа гузаронида шуда, ғолибони минтақаҳо ба даври ҷамъбастӣ роҳ дода шуданд.

Озмун аз рӯи шартҳои иҷрои машқҳои сафороӣ, пӯшидани ниқоби зиддигазӣ, нишонгирӣ, ҳаво додани норинҷак, давидан ба масофаи 60м , ҷаҳидан ба дарозӣ, сӯхторнишонӣ, пешниҳоди рӯзномаҳои деворӣ сурат гирифт.

Озмун басо шавқовар ҷараён гирифта, мақоми аввалро дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 бо роҳбарии мураббӣ Маъмурҷон Тӯйчиев ишғол намуданд ва ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ҷой дуюм насиби дастаи МТМУ№17 ва ҷойи сеюмродастаи МТМУ №20 соҳиб шуд.

Дар фарҷом ба ғолибон аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии мададгори мудофиа туҳфаҳо ва ифтихорномаи раёсати маорифи шаҳр супорида шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории озмуни “Ватанпарвар” миёни хонандагон дар Конибодом