Хабарҳо
Мастчоҳ: Дар 19805 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад - 27.03.2017 10:15
Ифтитоҳи толори навбунёд дар мактаби №8 – и ноҳияи Ашт - 27.03.2017 10:14
Хатнасури хайриявии 30 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар Мастчоҳу Конибодом - 27.03.2017 10:10
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд - 25.03.2017 19:33
Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 16:17
Иштирок дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - 25.03.2017 11:48
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27

16 ва 17 июн Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд - 2017» баргузор мешавад

( 0 Овоз )

Санаҳои 16 ва 17 июни соли 2017 дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи чоруми байналмилалии савдо «Суғд - 2017» доир мешавад.

Ярмаркаи мазкур бо мақсади дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир, ба маъраз гузоштани меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳо, намудҳои гуногуни маҳсулоти саноатӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда мешавад.

Дар доираи ин ярмарка ҳамчунин баргузории Форуми тиҷоратию сармоягзорӣ дар мавзӯи “Нерӯи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ” ва озмуни вилоятии “Маҳсулоти беҳтарин”дар назар дошта шудааст.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 январии соли 2017,№14 ба тасвиб расидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд 16 ва 17 июн Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд - 2017» баргузор мешавад