Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41
Дар Конибодом аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд - 18.10.2017 13:28
Соли равон дар вилояти Суғд 52 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд - 18.10.2017 09:39
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 18.10.2017 09:31
Омодагӣ ба зимистон. Барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зарурии ангишт захира карда шуд - 18.10.2017 09:29
“Ганҷи сухан” дар меҳмонии сарбозони Ватан - 18.10.2017 09:28
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид - 17.10.2017 15:53
“Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам”- озмуни иншои беҳтарин байни хонандагон - 17.10.2017 13:00
Конибодом. Дурнамои истеҳсоли пахта 101,2 фоиз иҷро гардид - 17.10.2017 08:49
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф - 17.10.2017 08:29

Озмунҳои вилоятии “Ансамблҳои рақсии кӯдакона” ва “Шашмақомсароёни наврасу ҷавон” баргузор мешавад

( 0 Овоз )

Бо мақсади таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, эҳёи фарҳанги аҷдодии миллӣ, инкишофи санъати рақси миллӣ ва мақомхонӣ, арҷгузорӣ ба мероси бойи ниёгон ва бахшида ба “Соли ҷавонон”  моҳҳои январ – июни соли 2017 дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ва 20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмунҳои вилоятии “Ансамблҳои рақсии кӯдакона” ва “Шашмақомсароёни наврасу ҷавон” гузаронида мешавад.

Дар озмуни вилоятии “Ансамблҳои рақсии кӯдакона” ҳамаи гурӯҳҳои рақсие, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият мебаранд, шахсони алоҳида, кӯдакон ва наврасони аз 7 то 18 сола метавонанд иштирок намоянд. Дар озмуни вилоятии “Шашмақомсароёни наврасу ҷавон” бошад сарояндагони жанри сурудҳои классикӣ ва хоҳишмандони маҳорати хуби сарояндагидоштаи аз синни 14 то 25 сола метавонанд иштирок намоянд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо бо Диплому Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати фарҳанги вилоят сарфароз гардонида мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Озмунҳои вилоятии “Ансамблҳои рақсии кӯдакона” ва “Шашмақомсароёни наврасу ҷавон” баргузор мешавад