Хабарҳо
Семинар дар мавзуи мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон - 27.04.2017 15:18
15 ҳазор метр матоъи дастбофи ҳунармандони шаҳри Конибодом ба фурӯш рафтааст - 27.04.2017 11:26
Нақшаи кишти ғалладонагиҳо наздик 100 фоиз иҷро шуд - 27.04.2017 11:24
Оғози таъмиру барқарорсозии роҳҳо дар ноҳияи Ашт - 27.04.2017 11:23
«Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» - конфронси илмӣ-амалӣ - 27.04.2017 11:22
Зимни баргузории маъракаҳо 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд - 27.04.2017 11:21
Рӯзи ягонаи ахбор: «Солимии ҷомеа-кафили рушди Тоҷикистон» - 27.04.2017 11:19
Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 25.04.2017 15:18
Тасидиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 - 25.04.2017 09:24
То охири сол ба маъюбони Артиши Шӯравӣ кӯмакпулӣ пардохт мешавад - 25.04.2017 09:23

Кӯмакпулиҳо ба шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ фаъолият бурдаанд

( 0 Овоз )

Бо назардошти хизмати бенуқсони ҳарбӣ ва меҳнати шоиста дар ақибгоҳ, ба муносибати ҷашни 72 солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз 1 январи соли 2017 ба шахсоне, ки дар давраи ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва на кам аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати бенуқсони ҳарбӣ ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ бо яке аз медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Ғалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардидаанд, ба ҳар яке дар як моҳ 80 сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт карда мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилоят аз 9 январи соли 2017, №08 ба тасвиб расидааст.

Тибқи ин қарор Шӯъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят вазифадор гардидааст, ки пардохти кӯмакпулиҳоро аз ҳисоби маблағҳоиба ин мақсад пешбинӣ шуда амалӣ намуда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои ҷудогардидаро таъмин намояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Кӯмакпулиҳо ба шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ фаъолият бурдаанд