Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41
Дар Конибодом аз фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ шуд - 18.10.2017 13:28
Соли равон дар вилояти Суғд 52 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд - 18.10.2017 09:39
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 18.10.2017 09:31
Омодагӣ ба зимистон. Барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зарурии ангишт захира карда шуд - 18.10.2017 09:29
“Ганҷи сухан” дар меҳмонии сарбозони Ватан - 18.10.2017 09:28
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 млрд. сомонӣ зиёд гардид - 17.10.2017 15:53
“Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам”- озмуни иншои беҳтарин байни хонандагон - 17.10.2017 13:00
Конибодом. Дурнамои истеҳсоли пахта 101,2 фоиз иҷро гардид - 17.10.2017 08:49
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф - 17.10.2017 08:29

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба “Соли ҷавонон”

( 1 Овоз )

Санаҳои 16-17 январи соли равон дар толори гимназияи 2-и шаҳри Бӯстон бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба “Таэквандо ВТФ” байни наврасон ва ҷавонон бахшида ба “Соли 2017-соли ҷавонон” бо иштироки зиёда аз 80 нафар варзишгарони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов дар вазнҳои гуногун баргузор гардид.

Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов баргузории мусобиқаҳои гуногунсатҳи варзиширо василаи беҳтарин барои тарғиби тарзи ҳаёти солим арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки бояд варзишгарони шаҳр дар “Соли ҷавонон” барои ширкати фаъолона ва ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси варзишӣ дар мусобиқаҳои гуногун ҷаҳду талош намоянд.

Тибқи иттилои мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Хусравшоҳ Исмоилов варзишгарони шаҳри Бӯстон соли 2016 аз мусобиқаҳои гуногун дар маҷмӯъ 367 медал, аз он ҷумла 129 тилло, 105 нуқра ва 133 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба “Соли ҷавонон”