Хабарҳо
Бозии миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Динамо" бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид - 21.04.2018 12:34
Дар Самарқанд ҳайати намояндагони вилояти Суғдро гарму самимӣ истиқбол намуданд - 21.04.2018 08:06
Ятимон дар нимароҳ намемонанд - 21.04.2018 08:00
Идомаи боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 20.04.2018 14:10
Аз 20 то 22 апрел Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад - 20.04.2018 11:19
Рӯзи ягонаи ахбор: «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа» - 20.04.2018 09:18
Баргузории даври вилоятии Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ - 20.04.2018 09:16
Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 20.04.2018 09:14
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии “Пунук” ва “Меҳробод” дар ноҳияи Ашт - 20.04.2018 09:12
Истаравшан. Дар шаш корхонаи хурди истеҳсолии навтаъсис наздик 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд - 19.04.2018 14:07

Баргузории семинари бозомӯзӣ барои кишоварзон дар Конибодом

( 0 Овоз )

Имрӯзҳо бо иқдом ва ташаббуси Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади баланд бардоштани маданияти заминдории роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва мусоидат намудан дар таъмини амнияти озуқаворӣ бозомӯзии мутахассисони ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо иштироки олимони ҷумҳурӣ  семинарҳои бозомӯзӣ баргузор гардида истодааст.

Чунин семинари бозомӯзӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом низ баргузор шуд, ки дар он сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Бобозода Хайрулло, директори Маркази такмили ихтисоси кормандони комплекси агросаноатӣ, мудири кафедраи боғпарварию токпарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Сайидалӣ Гулов, муовини сардори раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиев Шамсиддин, мушовири Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Домуллоев Бобоҷон ва муовини раиси кооперативи «Сароб» Раҳимов Рустамҷон иштирок доштанд.

Дар семинар зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд, ки дар соҳаи кишоварзӣ тавассути гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, азхуд кардани заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин, бо роҳи зиёд кардани майдони боғу токзор фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд.

Тавре таъкид шуд, бо дарназардошти захираву иқтидорҳои мавҷуда барои бамаротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти соҳа ҳанӯз имкониятҳои зиёд мавҷуданд ва ҳадаф аз баргузории семинар низ мусоидат ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Директори Маркази такмили ихтисоси кормандони комплекси агросаноатӣ, мудири кафедраи боғпарварию токпарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Гулов Саидалӣ, муовини сардори раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиев Шамсиддин, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Хайрулло Бобоҷонзода, муовини раиси кооперативи «Сароб» Раҳимов Рустамҷон ва намояндаи ширкати «Нексикол» Мақсудҷон Отабеков оид ба роҳу усулҳои фоидаовари кишти зироатҳои кишоварзӣ, тарзи нигоҳубин ва башаклдарории дарахтони мевадиҳанда ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи кишоварзӣ ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ тавсияҳо доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории семинари бозомӯзӣ барои кишоварзон дар Конибодом