Хабарҳо
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои солимгардонӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои имконоти маҳдуди ҷисмонӣ - 26.05.2017 16:48
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ барои ҷавонону наврасон дар шаҳри Гулистон - 26.05.2017 09:56
Дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ аз “Истиқлол” шикаст хӯрд - 26.05.2017 09:45
Ашт. Оғози содироти зардолуи тар ба Федератсияи Россия - 26.05.2017 09:13
Баргузории машварати кории Раиси вилоят дар Қасри Арбоб - 25.05.2017 16:37
Дар Истаравшан боғи истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 25.05.2017 13:41
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар шаҳри Истаравшан - 25.05.2017 13:38
Ба пешвози ҷашни Ваҳдати миллӣ корҳои ободонӣ дар Конибодом вусъат меёбанд - 25.05.2017 11:08
Дар вилояти Суғд беш аз 519 ҳазор кӯдакон эм карда мешаванд - 25.05.2017 09:53
Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон /АКС/ - 24.05.2017 16:14

Семинари дастурдиҳӣ барои мутахассисони мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо

( 0 Овоз )

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд санаи 23 январи соли 2017 дар маҷлисгоҳи Раёсати Агентӣ семинари дастурдиҳӣ оид ба самтҳои фаъолияти мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо иштироки мутахассисони Раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Мастчоҳ, Б.Ғафуров, Истиқлол, Исфара, Спитамен, Конибодом, Бўстон, Гулистон ва Ашт ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳадаф аз баргузории семинари дастурдиҳӣ дар амал татбиқ намудани талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ буд.

Дар рафти семинар ба иштирокдорон фаҳмонида шуд, ки бақайдгирии шаҳрвандони бекор ва созишномаву шартномаҳои коллективӣ, муроҷиатҳои шаҳрвандон, корҳои ҷамъиятӣ, кортаъминкунӣ, касбомўзонӣ, кўмакпулӣ барои бекорон, ҷамъоварии вакансияҳо ва тартиби дурусти китобдорӣ тибқи санаҳои меъёрию ҳуқукӣ дуруст ба роҳ монда ва мўҳлатҳои муроҷиатҳои шаҳрвадон ба инобат гирифта шавад.

Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд минбаъд низ гузаронидани чунин чорабиниҳоро дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Семинари дастурдиҳӣ барои мутахассисони мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо