Хабарҳо
Основной телохранитель: Из командиров в созидатели беседа с бывшим командиром Хакимом Каландаровым - 14.12.2017 16:58
Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2017 - 14.12.2017 14:30
Парлумон Созишномаи грантӣ оид ба беҳтар гардонидани низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷандро ба тасвиб расонид - 14.12.2017 09:22
Роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои вилоят бо хатмкунандагони як қатор шаҳру ноҳияҳо мулоқот намуданд - 14.12.2017 09:19
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: аз қумондонӣ ба ободгарӣ. Сӯҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров - 14.12.2017 08:56
Комил Салимзода ба донишҷӯёни камбизоат 3000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим кард - 13.12.2017 09:05
Мулоқоти раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода бо донишҷӯён - 12.12.2017 16:44
Назарзода Қудратулло Бобо сардори РВКД дар вилояти Суғд таъин гардид - 12.12.2017 15:00
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо - 12.12.2017 14:59
Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ қомат афрохт - 12.12.2017 14:58

Осим Каримзода дар нишасти хабарӣ аз ҳамкории Раёсати маориф бо ВАО изҳори қаноатмандӣ намуд

( 0 Овоз )

Дар асоси ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ санаи 23 январ нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим доир гардид.

Дар нишаст намояндагони воситаҳои ахбории оммаи чопию электронии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ва масъулини дигар муассисаю сохторҳои соҳаи маориф иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати маорифи вилоят аз ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма изҳори қаноатмандӣ намуда, даъват ба амал овард, ки минбаъд он боз ҳам тақвият дода шавад.

Ҳамзамон дар назди ҳозирин сардори Раёсат Осим Каримзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар соли 2016 гузориш дод. Дар гузориш бештар ба масъалаҳои сиёсати давлатӣ оид ба маориф, нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгириҳои давлатӣ нисбат ба кормандони соҳа, дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, таваҷҷӯҳи хоссаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсан Раиси вилоят ба соҳаи маориф ва маорифчиён, амалишавии имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон, дастовардҳои омӯзгорону мураббиён ва хонандагони вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, имтиҳонҳои қабул тавассути Маркази миллии тестӣ ва озмунҳо барои қабул шудан ба мактабҳои олии хориҷӣ, вазъи кӯдакистону парваришгоҳҳо, сатҳи ҷиноятсодиркуниву худкушӣ дар байни ноболиғон, истироҳати кӯдакону наврасон ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон диққат дода шуд.

Дар рафти саволу ҷавоб намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба компютеркунонӣ ва пайваст намудани муассисаҳои соҳаи маориф бо шабакаи интернет, сохтмону навсозии мактабҳо, нархномаи хизматрасонӣ дар кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, вазъи таъминоти таълимгоҳҳо бо омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ, ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон ва дастрасии онҳо ба имтиёзҳо, мусоидати волидон дар самти ба зинаи сеюми таҳсилот ҷалб намудани хонандагон, нишондиҳандаи фаъолнокии хонандагон дар олимпиадаҳои мактабиён мувофиқи шаҳру ноҳияҳо ба сардори Раёсати маориф саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Осим Каримзода дар нишасти хабарӣ аз ҳамкории Раёсати маориф бо ВАО изҳори қаноатмандӣ намуд