Хабарҳо
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар шаҳри Бӯстон - 23.05.2018 08:51
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41

Ҳамовозии сокинон бо Муроҷиатномаи Пешвои миллат

( 0 Овоз )

20 январ дар толори Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бӯстон бо иштироки аъзои гуруҳи тарғиботиву ташвиқотии шаҳр Туҳфа Хисравбекова – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10, МЭЛС Нуров – омӯзгори Мактаби Президентӣ, Ҳаким Рустамов – омӯзгори мактаби санъати шаҳр ба номи Шодмон Алифов байни кормандони Раёсати мазкур, раисон ва фаъолони маҳал, сарварони кӯча ва биноҳои баландошёна ва дигар қишри ҷомеа мулоқоти судманд доир гардид.

Дар мулоқот оид ба муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, эълон гардидани “Соли 2017-соли ҷавонон” ва Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар ибрози назар карда шуда, зикр гардид, ки имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ тамоми имконияту захираҳоро истифода бурда, дар ин самт иқдомҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.

Инчунин аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқро ба роҳ монда, барои пешгирии исрофкориҳо чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда камар банданд.

Сардори Раёсати хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Бӯстон Комилҷон Раҳматов доир ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва омодагиҳо ба ҷашнҳои дарпешистода ибрози назар намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҳамовозии сокинон бо Муроҷиатномаи Пешвои миллат