Хабарҳо
Маркази саломатии “Оббурдон” ғолиби озмуни ноҳиявӣ шуд - 18.08.2017 14:08
16 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд - 18.08.2017 14:06
Суғд: Истеҳсоли семент нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 маротиба зиёд шуд - 18.08.2017 09:13
Бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад - 18.08.2017 08:35
Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ба анҷом расид - 17.08.2017 14:23
Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ /АКСҲО/ - 17.08.2017 13:37
Суғд: 37 корхонаи нав бо 371 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд - 17.08.2017 10:17
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғд ба 5,1 млрд. сомонӣ расонида шуд - 17.08.2017 10:10
24 август Фестивал-озмуни “Оши палав” баргузор мешавад - 17.08.2017 09:51
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тиб - 16.08.2017 14:50

Семинари омӯзишӣ барои роҳбарони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби шаҳру ноҳияҳо

( 0 Овоз )

Дар идораи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд дар асоси лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мусоидати ҳукумати Шветсария амалӣ мешавад, барои роҳбарони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, гидротехникҳо, миробҳо ва мутахассисони идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо семинари омӯзишӣ доир гардид.

Ба иттилои масъулин ҳадаф аз баргузории семинари мазкур ин баланд бардоштани иқтидори намояндагони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва кормандони шӯъбаҳои идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо оид ба истифодабарии системаи обёрӣ мебошад. Зимнан, таъкид шуд, ки системаи обёрӣ ҳудуди заминест, ки дар он иншооти гидротехникӣ аз қабили шабакаҳои обгирӣ, каналҳо, истгоҳҳо, заҳбуру заҳкашҳо ва иншооти мусоидаткунандаи истифодабарии системаҳои обёрӣ ҷойгир мебошанд.

Дар семинари мазкур, ки бо ҷалби масъулини раёсат ва мутахассисони  “НексиголМушовир” баргузор гардид, оид ба ҳисобгирии шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва иншооти гидротехникии дохилихоҷагӣ ва супоридани онҳо ба мувозинаи ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об маълумот дода шуд.

Иштирокчиёни семинар доир ба масъалаҳои ҷавобгарии гидротехник дар фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об, нақшаи истифодабарии оби ассотсиатсияҳо, банақшагирии системаи обёрӣ,  назорати техникии системаи обёрӣ, ба роҳ мондани хизматрасонии технкии системаи обёрӣ ва ғайраҳо мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Семинари омӯзишӣ барои роҳбарони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби шаҳру ноҳияҳо