Хабарҳо
Баргузории ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 13:54
Маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон - 22.05.2018 13:49
Ба иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ Гувоҳномаҳо супорида шуд - 22.05.2018 13:41
Ғолибияти дастаи вилояти Суғд дар сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.05.2018 09:37
Хобгоҳи қисми ҳарбии 08362 баъди навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт - 22.05.2018 09:32
Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон - 21.05.2018 13:41
Боздиди Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Наврӯзгоҳ” - 21.05.2018 13:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16

Зариф Мирдадо: Варзишгарони ноҳияи Ашт соли гузашта 412 медал ба даст оварданд

( 0 Овоз )

Варзишгарони ноҳияи Ашт соли 2016 аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ дар мусобиқаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ соҳиби 412 адад медалҳо гардидаанд.

Дар ин бора Зариф Мирдадо, и.в раиси ноҳияи Ашт зимини нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба иттилои мавсуф аз ҷамъи умумии медалҳо 153 адад тилло буда, 102 адад медали нуқра ва 157 адад медали биринҷӣ мебошад.

Зариф Мирдадо ҳамчунин гуфт, ки соли 2016 аз тарафи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 35 маротиба вохӯриҳо,  мизҳои  мудаввар  ва  семинарҳо дар бобати татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуданд.

Зимнан, шумораи умумии ҷавонон дар ноҳия 53 ҳазору 743 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 26 ҳазору 998 нафар ҷавонписарон ва 26 ҳазору745 нафари онҳо ҷавондухтарон мебошанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Зариф Мирдадо: Варзишгарони ноҳияи Ашт соли гузашта 412 медал ба даст оварданд