Хабарҳо
Мақсад: муаррифии маҳсулотҳои ватанӣ - 20.03.2017 11:09
Конфронси аввалини илмӣ-назариявии ҷавонон таҳти унвони «Нақши муассири Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» доир шуд - 17.03.2017 16:07
ЭЪЛОН: 26 март мусобиқаҳои миллии “Бузкашӣ” ва “Пойга” гузаронида мешавад - 17.03.2017 11:29
Дар Конибодом бахшида ба Иди Наврӯз консертҳои идона ва сайругаштҳои оммавӣ баргузор мешавад - 17.03.2017 10:51
Адабиётшиноси маъруф Атахон Сайфуллоев аз олам даргузашт - 17.03.2017 10:26
ЭЪЛОН: Озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» баргузор мешавад - 17.03.2017 09:21
Озмуни бадеию ҳунарии “Дастагули наврӯзӣ” ҷамъбаст шуд - 17.03.2017 09:18
Баргузории чорабинии “Корвони саломатӣ” дар ноҳияи Мастчоҳ - 17.03.2017 09:17
Баргузории конфронси илмӣ-амалии «Наврўз ва ойинҳои наврўзӣ» дар китобхонаи вилоятӣ - 17.03.2017 09:14
Ифтитоҳи Такягоҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии №3 дар Исфара - 17.03.2017 09:10

Рӯзи ягонаи ахбор: “Паёми Пешвои миллат – раҳнамои ҷомеа ба ояндаи дурахшон”

( 1 Овоз )

19 январи соли 2017 тибқи нақшаи баргузории Рӯзҳои ягонаи ахбор дар қаламрави вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни гуруҳи тарғиботиву ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Бӯстон дар қаламрави шаҳр Рӯзи ягонаи ахбор дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат – раҳнамои ҷомеа ба ояндаи дурахшон” баргузор гардид.

Мулоқотҳо дар толори беморхонаи шаҳрӣ, муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр ва Ҷамоати шаҳраки Палос доир гардида, аъзоёни гуруҳи тарғиботиву ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Нуралӣ Нуров – устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Фаррух Аминов – муовини ректори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Фаррух Турсунов устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ва аъзоёни гуруҳи тарғиботиву ташвиқотии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Боқӣ Қудратов, Шаҳноза Бобоева, Тоҷинисо Ҳоҷибоева ва дигарон оид ба моҳияти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дар маҷмуъ таъмин намудани шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат ибрози назар намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Рӯзи ягонаи ахбор: “Паёми Пешвои миллат – раҳнамои ҷомеа ба ояндаи дурахшон”