Хабарҳо
Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум - 25.04.2017 15:18
Тасидиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 - 25.04.2017 09:24
То охири сол ба маъюбони Артиши Шӯравӣ кӯмакпулӣ пардохт мешавад - 25.04.2017 09:23
Оғози чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” - 25.04.2017 09:19
Спитамен: Тавассути баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ 39 нафар бо кор таъмин шуданд - 25.04.2017 09:16
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави таваллудхонаи марказӣ дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 13:16
Ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид - 24.04.2017 13:13
Ҷамъбасти «Ҳафтаи конфронсҳои илмӣ» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - 24.04.2017 13:09
Баргузории машварати корӣ бо ҳузури муовини Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Деваштич - 24.04.2017 08:49
Ваҳдати миллӣ-асоси рушди иқтисодиёти Тоҷикистон - 21.04.2017 10:25

Дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон» мавриди истифода қарор гирифт

( 0 Овоз )

Дар арафаи таҷлили рӯзи таъсиси мақомоти гумруки Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и  Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд ба истифода дода шуд.

Дидбонгоҳ бо маблағгузории Бонки осиёии рушд дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи марказӣ «Лоиҳаи минтақавии такмили хадамоти назди сарҳадӣ»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2015 оғоз гардида, дар зарфи беш аз 1,5 сол ба анҷом расонида шуданд.

Дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон» дорои тамоми шароит ва инфрасохтори муосир, аз ҷумла бинои равзанаи ягона, ду нуқтаи назорати иҷозатдиҳӣ, хобгоҳ, майдончаи варзишӣ, гармхона буда, ба шабакаҳои обу корезӣ ва гармидиҳӣ пайваст аст. Ҳамзамон маҷмаи тозабунёд бо таҷҳизоти назоратии замонавӣ, аз қабили тарозуи рақамии 100 тоннагӣ, камераҳои назоратӣ ва таҷҳизоти озмоишии замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон» мавриди истифода қарор гирифт