Хабарҳо
Маркази саломатии “Оббурдон” ғолиби озмуни ноҳиявӣ шуд - 18.08.2017 14:08
16 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд - 18.08.2017 14:06
Суғд: Истеҳсоли семент нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 маротиба зиёд шуд - 18.08.2017 09:13
Бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад - 18.08.2017 08:35
Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ба анҷом расид - 17.08.2017 14:23
Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ /АКСҲО/ - 17.08.2017 13:37
Суғд: 37 корхонаи нав бо 371 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд - 17.08.2017 10:17
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғд ба 5,1 млрд. сомонӣ расонида шуд - 17.08.2017 10:10
24 август Фестивал-озмуни “Оши палав” баргузор мешавад - 17.08.2017 09:51
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тиб - 16.08.2017 14:50

Оғози мавсими гулу ниҳолшинонӣ дар маркази вилоят

( 0 Овоз )

Дар Хуҷанд кормандони қитъаи кабудизоркунии шаҳр майдонҳоро барои шинондани ниҳолҳои сояафкан омода менамоянд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри иттилоъ доданд, тибқи нақшаи Сарраёсати ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар маркази вилоят соли равон шинондани бештар аз 3 ҳазор дарахтони сояафкан ва 800 ҳазор қаламчаи гули садбарг пешбинӣ гаштааст.

Ҳамарӯза барои корҳои омодасозӣ, ниҳолшинонӣ ва ба тартиб даровардани гулу бутта ва дарахтони сояафкан бештар 150 нафар кормандону мутахассисон фаъолият бурда, то имрӯз чунин корҳо дар хиёбонҳои Истиқлол, хиёбони ба номи И. Сомонӣ, кӯчаҳои ба номи С. Полвонов, Бофанда ва Гагарин ба анҷом расонда шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки мавсими гулу ниҳолшинонӣ дар маркази вилоят аз 10 декабри соли сипаригашта оғоз ёфта, бо назардошти боду ҳаво то аввали моҳи март идома меёбад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Оғози мавсими гулу ниҳолшинонӣ дар маркази вилоят