Хабарҳо
Маркази саломатии “Оббурдон” ғолиби озмуни ноҳиявӣ шуд - 18.08.2017 14:08
16 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд - 18.08.2017 14:06
Суғд: Истеҳсоли семент нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 маротиба зиёд шуд - 18.08.2017 09:13
Бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад - 18.08.2017 08:35
Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ ба анҷом расид - 17.08.2017 14:23
Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ /АКСҲО/ - 17.08.2017 13:37
Суғд: 37 корхонаи нав бо 371 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуд - 17.08.2017 10:17
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Суғд ба 5,1 млрд. сомонӣ расонида шуд - 17.08.2017 10:10
24 август Фестивал-озмуни “Оши палав” баргузор мешавад - 17.08.2017 09:51
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тиб - 16.08.2017 14:50

Баргузории мулоқоту вохӯриҳо доир ба ташреҳи Паёми Президенти мамлакат дар Гулистон

( 0 Овоз )

Дар асоси нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон гурўҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода шуда, дар ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот ва муассисаву идораҳо барои шарҳи Паёми Пешвои миллат ҷамъомаду мулоқот, вохўрию суҳбатҳо роҳандозӣ мешаванд.

Чунин як мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳр баргузор шуд ва дар он мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Илҳом Мадализода, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Саида Ғоибова, менеҷери сохтори госпиталӣ Гулсанам Сармусоқова, сармуҳаррири рўзномаи «Соҳил» Абдуманнон Одинаев оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои хешро иброз намуда, таъкид доштанд, ки Паёми имсола ҳама самтҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии мамлакатро таҳлил намуда, вазифаҳои навбатиро бо мақсади рушди ҳамаи соҳаҳои кишвар барои ноил шудан ба зиндагии шоистаи мардум ва рушди босуботи Тоҷикистони азизамон муайян намуд.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон карданд. Ин иқдоми наҷиб ҷавононро ба масъулиятшиносӣ ва тақвияти корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории мулоқоту вохӯриҳо доир ба ташреҳи Паёми Президенти мамлакат дар Гулистон