Хабарҳо
Ғолибони озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» муайян гардиданд - 23.05.2017 15:07
Баргузории Фестивал - озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» - 23.05.2017 13:38
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи ҷавонон - 23.05.2017 10:04
Суғд: Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 23.05.2017 09:56
Дар ноҳияи Мастчоҳ 38 ҳазор ҷавонон кору зиндагӣ доранд - 22.05.2017 10:38
“Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон” – таҳти чунин унвон дар Ашт марафони велосипедронӣ доир шуд - 22.05.2017 10:35
Хуҷанд: Иштироки беш аз 500 нафар сокинон дар веломарафон - 22.05.2017 10:32
Баргузории чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” - 22.05.2017 10:28
Баргузории Фестивал-озмуни "Гулдухтарони суғдӣ"/АКСҲО/ - 22.05.2017 08:52
Иштироки беш аз 84 000 нафар сокинони вилояти Суғд дар чорабинии варзишии Рӯзи Дави миллӣ - 22.05.2017 08:32

«Об барои рушди устувор» - конфронси илмӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдо

( 1 Овоз )

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар мавзӯи «Об барои рушди устувор» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Тибқи барномаи конфронс онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия, доктори илми иқтисод, профессор Тӯрақул Ризоқулов оғоз бахшида, перомуни ҷанбаҳои илмӣ ва назариявии «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва саҳми Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаббус ва роҳандозии ин барнома сухан гуфт.

Дар рафти конфронс дар мавзӯҳои «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қабули қатъномаи СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои рушди устувор (2018-2028)» ,«Ҷанбаҳои иҷтимоии Даҳсолаи амалиёти “Об барои рушди устувор”,  «Потенсиали иқтисодии захираҳои гидроэнергетикаи Тоҷикистон» , «Амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти истифодаи оқилонаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои илмии олимон ироа шуд.

Ҷаласаи ифтитоҳии конфронси илмӣ-назариявии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Об барои рушди устувор» ба кори худ хотима бахшида, шунидани маърӯзаҳои илмӣ дар бахшҳо ва кафедраҳо идома меёбанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «Об барои рушди устувор» - конфронси илмӣ дар Донишкадаи иқтисод ва савдо